Jump to content

Канду

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Канду

Канду, кунду, занбӯрқуттӣ — хонаи занбӯри асал, ки одам месозад.

Дар дохили канду шон гузошта мешавад. Дар чашмакҳои шон занбӯри асал насли худро парвариш мекунад ва асал ҷамъ меоварад. Аввалҳо одамон кандуро ай­нан чун лонаи табиии занбӯри асал (дар ковокии дарахтон) месохтанд ва барои ин ғӯлачӯбҳоро истифода ме­бурданд. Ҳамин тавр кандуҳои ғӯлачӯбӣ пайдо шуданд, ки да­руни онҳо кофта гирифта шуда буд ва даричае низ дош­танд. Сарпӯши даричаро гирифта, шонро аз назар гузаронидан мумкин буд. Кандуҳои ғӯлачӯбиро ба дарахт меовехтанд ё дар рӯи замин мегузоштанд. Занбӯрпарварон аз кандуҳои сабадмонанд (сапеткаҳо) низ истифода мебурданд. Чунин канду, ки аз пахол ё химча бофтаю бо гил андова карда мешуд, хеле сабук буда, корро осон мекард. Дар қис­ми болоии канду чорчиллик гузошта мешуд, ки ба он зан­бӯр­ҳои асал шонро мечаспониданд (шонҳо аз ҳамдигар дар масофаи 36-38 мм ҷой мегирифтанд). Дар ҳама гуна кандуҳое, ки ба қисмҳо ҷудо намешуданд, занбӯрҳои асал шон­ҳоро ба сақф ва девораи онҳо мечаспонданд. Ин ни­гоҳу­бини занбӯрҳо ва гирифтани асалро душвор мегардонд (барои гирифтани асал шонҳоро буридан лозим буд). Баробари рушди соҳаи занбӯрпарварӣ дар асри 19 кандуҳои чаҳорчӯбаӣ пайдо шуданд, ки то кунун истифода мешаванд.

Соли 1814 занбӯрпарвари рус П. И. Прокопович кандуи чаҳорчӯбаиеро ихтироъ кард, ки онро ба қисмҳо ҷудо ва васл кардан мумкин буд. Баъдтар шаклҳои дигари канду пай­до шуданд. Кандуҳои ҳозира аз тана, таҳ, сарпӯш ва чаҳор­чӯбаҳо иборатанд. Сохти канду ба қуттии чӯбӣ монанд аст (ғафсии девораҳояш тақр. 30-40 мм). Девораи пеши канду аз боло сӯрох дорад. Дар қисми болои девора зеҳ ҷудо карда, ба он чаҳорчӯбаҳои шондорро меовезанд. Байни девораи канду ва зеҳи паҳлуии чаҳорчӯба 7,5-8 мм ҷой мемонад, ки бо он занбӯри асал озод ҳаракат карда метавонад. Та­ги баъзе кандуҳо ҷудошаванда аст. Қисми пеши таҳи канду сӯ­рох карда мешавад (дар байни чорчӯбаҳо ва таҳи канду 20-30 мм ҷойи холӣ мавҷуд аст). Ба сақфи канду болиштак мегузоранд, ки он гармиро нигоҳ медорад. Дар девора­ҳои паҳлуии сарпӯши канду сӯрохиҳои ҳаводаро мавҷуданд. Сар­пӯш баробари андозаи танаи канду сохта мешавад.

Кандуҳо амудӣ (рост, дуқабата, бисёрқабата) ва уфуқӣ (хо­бида, кандуҳои павилионҳо) мешаванд. Барои васеъ кардани ло­наи занбӯрҳо ба кандуҳои амудӣ аз боло чаҳорчӯба­ҳои иловагӣ мегузоранд. Кандуҳои уфуқӣ аз паҳлу васеъ карда мешаванд. Дар Тоҷикистон бештар кандуҳои уфуқиро истифода мебаранд. Кандуро аз чӯби хушки шарбин, санавбар, девдор, коҷ, зирфун ва амсоли онҳо сохта, берунашро ран­ги сафед, зард ё кабуд мекунанд (занбӯрҳо чунин ранг­ҳоро хуб мебинанд).