Гуанчжоу

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Кантон)
Гуанчжоу
чинӣ: 广州市
Кишвар  [[|]]
Маркази маъмурӣ Yuexiu District[d]
Роҳбар Guo Yonghang[d]
Таърих ва ҷуғрофиё
Масоҳат
  • 7 248,86 км²
Баландӣ
21 м
Вақти минтақавӣ UTC+8:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ
Шиносаҳои ададӣ
Коди телефон 20
Нишонаи почта 510000
Коди мошинҳо 粤A
Вебгоҳи расмӣ
Гуанчжоу дар харита
Гуанчжоу дар харита
 Парвандаҳо дар Викианбор

Гуанчжо́у (кант. трад. 廣州, упр. 广州, ютпхин: Gwong2jau1, йель: Gwong2zau1, кант.-рус.: Куончау, пиньинь: Guǎngzhōu, палл.: Гуанчжоу; пештар маъруф ба Канто́н[2]) — шаҳр ва бандари бузург дар ҷануби Чин, маркази маъмурии вилояти Гуандун. Дар шохоби дарёи Сисзян (марворид), тақр. 110 км дуртар аз соҳили баҳри Ҷануби Чин воқеъ аст. Масоҳаташ 7434,4 км2. Аҳолиаш 14,5 млн нафар (2014).

Таърих[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар миёнаи ҳазорсолаи 1-и то м. дар ҳудуди Гуанчжоу шаҳри халқияти юэ мавҷуд буд. Дар охири асри 3 то м. онро империяи Син ғасб намуд. Солҳои 207–111 то м. яке аз марказҳои давлати Нанюэ буд. Соли 111 то м. ба ҳайати империяи Хан дохил шуд. Дар замони салтанати сулолаи Сун (асрҳои 10–13 м.) шаҳр Панюэ ном дошта, ба маркази бузурги савдои баҳрӣ бо мамлакатҳои ғарбӣ табдил ёфт. Дар асри 16 бори аввал ба ин ҷо португалиҳо омаданд. Онҳо Макаоро ба тобеияти худ дароварда, чиниворӣ, абрешим ва чой мефурӯхтанд. Соли 1685 ба ин ҷо англисҳо ва ҳолландиҳо омаданд. Дар асри 17 Гуанчжоу маркази вилояти Гуандун гардида, номи имрӯзаашро гирифт. Аз соли 1757 ягона бандари озоди Чин (ҷазираи Шамнян) барои хориҷиён буд, ки тавассути он фурӯши молҳои хитоӣ иҷозат дода мешуд. Баъди «ҷангҳои афюнӣ»-и солҳои 1840–60 расман ба бандари озод табдил ёфт. Солҳои 1856–60 Гуанчжоуро низомиёни Англияву Фаронса ишғол карданд. Аз охири асри 19 яке аз марказҳои ҳаракати зидди Манчжурия бо роҳбарии Сун-Ят-сен. Солҳои 1917–26 дар Гуанчжоу ҳукумати миллию инқилобии Гоминдан ҷойгир буд. Декабри 1927 дар Гуанчжоу бар зидди ҳукумати Гоминдан шӯриш ба амал омад. Солҳои 1938–45 Гуанчжоуро низомиёни Ҷопон забт намуданд. Соли 1984 мақоми шаҳри озоди наздибаҳриро гирифт.

Иқтисод[вироиш | вироиши манбаъ]

Гуанчжоу яке аз марказҳои иқтисодии Чини Ҷанубӣ мебошад. Дар Гуанчжоу саноати филизкорӣ (металлургия), мошинасозӣ (аз ҷумла автомобилсозӣ – заводи «Гуанчжоу – Хонда»), электротехникию электронӣ, компютерӣ, телекоммуникатсия, нафту кимиё (аз ҷумла истеҳсоли нуриҳои минералӣ), семент, дорусозӣ, бофандагӣ, қанд, хӯрокворӣ, ҳунарҳои бадеӣ тараққӣ кардааст. Маснуоти косибии Гуанчжоу аз қадим машҳур аст. 32 км дуртар аз Гуанчжоу бузургтарин бандари баҳрии содироту воридоти Хуанпу воқеъ аст. Фурудгоҳи байналмилалии Байюн ва метрополитен дорад. Тавассути р. о. бо ш.-ҳои ҳамсояи Сяшан ва Шэнчжен пайваст аст. Дар Гуанчжоу намоишгоҳҳои саноатию тиҷоратӣ, ярмаркаҳои молҳои содиротии Чин (аз соли 1957, соле ду бор) баргузор мегардад. Гуанчжоу маркази тиҷорат аст. Дар Гуанчжоу иморатҳои осмонхарош, боғҳо (беш аз 70 адад), ибодатхонаи будоии Гуанта, маъбади Гуансия (асри 3; 900 тоқ бо муҷассамаи Будо), маъбади Лю-Жунс, ибодатгоҳҳои будоии Хуата (1097), Хуалинс (526), маъбади Даосси Усяниуан бо зангӯлаи 5-тоннагӣ, қадимтарин масҷиди Чин – Хуайшене (627, бо манораҳои баландиашон 24 м), бузургтарин дар мамлакат калисои Сердна Иисуси Муқаддас (1863–88), калисои Биби Марями Муқаддас дар Лурд (1892), мақбараи шоҳзода Нанюэ, дар канори шимолии Гуанчжоу боғи Юэсю (1949) бо ибодатгоҳи будоии Чженхайлоу (1380; ҳоло осорхонаи шаҳрӣ), ҳайкали «Панҷ гӯсфанд» (рамзи шаҳр), толори ёдгории Сун-Ят-сен (1931), боғи ҳайвоноти Панюсянсзян ва ғ. мавҷуданд. Гуанчжоуро бинобар рустаниҳои зиёди тропикӣ доштанаш шаҳри гулҳо меноманд. Дар Гуанчжоу осорхонаҳо, нигористони бадеӣ, 4 театр, оркестри симфонӣ, Донишгоҳи миллии Чжуншан бо номи Сун-ят-сен, Донишгоҳи Сзинан, Донишгоҳи кишоварзии Чини Ҷанубӣ, Донишгоҳи музофоти Гуандун, консерватория, ин-тҳои АИ ҶХХ ҷойгиранд. Дар музофоти Гуанчжоу Боғи ботаникии Чини Ҷанубӣ воқеъ аст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]