Jump to content

Карашма

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

«Карашма» 1. Оҳанг, суруди мавсимӣ, маросимӣ, ки дар замони Сосониён (222-651) тасниф шуда, мансуб ба Борбади Марвазӣ. 2. Шуъбаи мусиқӣ дар таркиби мақоми «Наво» («Дувоздаҳмақом» ас. 13-15). 3. Гӯшаи мусиқӣ дар таркиби мақомҳои (дастгоҳ) эронӣ («Моҳур», «Чоргоҳ») чун сарахбор иҷро шуда, гӯшаи тараннумӣ дар таркиби «Сегоҳ», «Шӯр», «Панҷгоҳ» (мақомҳои эронӣ). Нағмаи хурд ба вазни сезарбӣ, ки дар ҷо ҷои радиф бинобар ба иқтизои иҷро хонда ё навохта мешавад.

Вазни «Карашма» дар мусиқии мақомии қадим мавриди истифода мешуд, аммо ба ҷои он «Сақили аввал» (мафои-лун фоилотун) бештар роиҷ будааст. Дар мақомҳои эронӣ «Карашма» гоҳе ба сифати як гӯшаи мустақил корбаст мешавад ва ин барои иҷрокунандагон комилан ҷо афтодааст. «Карашма» истифода мешавад ва бинобар ба тавон, маҳорати иҷрогар дар гӯшаҳои як мақом (дастгоҳ) ё овоз ба гардиш дармеояд.

Баҳори Аҷам, Деҳлӣ, 1994; Бурҳони Қотеъ, Теҳрон, 1330-1335; Фарҳанги форсӣ, Теҳрон, 1963; Вожаномаи мусиқии Эронзамин, Теҳрон, 1375; Машҳун Ҳ. Таърихи мусиқии Эрон, ҷ.1, Теҳрон, 1373; Энцик-лопедияи адабиёт ва санъати тоҷик, ҷ.2, Душ., 1989.[1]

  1. Донишномаи Шашмақом./Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. – Душанбе, 2009. - с. 96 ISBN 978-99947-49-13-3