Карим
Карим (ар. کریم ‒ бахшанда, бузургвор, ҷавонмард) — яке аз номҳо ва ё сифатҳои Худованд; аз авсофи Қуръон.
Дар тафсири Карим таъбирҳои гуногуне вуҷуд доранд. Карим ҳамчун номи Худованд, бахшанда ва атокунандаеро гӯянд, ки атои Ӯ бениҳоят буда, дорои ҳама анвои хайру шараф ва арзишҳост. Бархе Каримро бахшандае донистаанд, ки тамоми афъолаш эҳсону инъом аст ва ҳаргиз бо бахшиши худ дар пайи касби суд ё дафъи зиён нест. Ба қавли бархеи дигар, Карим касе бошад, ки матоъи камро пазируфта, баҳои бисёре дар баробари он медиҳад. Бархе низ Каримро ҷаввод ё бахшандае донистаанд, ки бисёр ва бидуни ҳеч монеае мебахшад, куфрону исёни бандагон дар бахшиши Ӯ асаре надорад. Вожаи Карим дар Қуръон 27 бор омада, ки аз ин фақат ду маврид ‒ яке ба унвони исми Худо (27:40) ва дигаре ҳамчун сифати Ӯ (82:6) ба кор рафтааст. Карим дар ғайри Худо, аз ҷумла инсон дар маънои гуногун низ истифода мешавад. Ба тафсири Фахри Розӣ, Карим барои инсон маҷозӣ ва барои Худованд ҳақиқӣ аст. Муҳаммад Ғаззолӣ дар баёни сифатҳои шахс аз Карим низ ном бурда, таъкид кардааст, ки Карими мутлақ фақат Худованд мебошад.
Қуръон низ ба номи Карим тавсиф шудааст (Қуръон, 56:77). Тибқи тафсирҳо, мавсуф шудани Қуръон ба Карим барои оммулманофеъ, касирулхайр ва бахшишу атои бисёраш назди мардум ва аз лиҳози мақоми волояш назди Худованд аст.
Карим дар Қуръон барои васфи расул, арш, малак, мақом, ризқ, аҷр, қавл ва завҷ низ ба кор рафтааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Карим / С. Наимӣ // Кашиш — Косон. — Д. : СИЭМТ, 2022. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 10). — ISBN 978-99985-0-006-8.
- رازی فخر. التفسیر الکبیر. القاهرة، ١٩٣۴؛
- غزالی محمد. المقصد الاسنی في شرح اسماء الله الحسنی. بدون جای چاپ، ١٩٦١؛
- زجاج ابراهیم بن سری. تفسیر اسماء الله الحسنی. القاهرة، ١٩٧٥؛
- ابن بابویه. التوحید. قم، ١٣٥٧ ش.؛
- ابن بابویه. کتاب الإخصال. قم، ١٣٦٢ ش.؛
- ابن جوزی. زاد المسیر في علم التفسیر. بیروت، ١٩٨۴؛
- قرطبي محمد بن احمد. الأسنی في شرح اسماء الله الحسنی و صفاته العلی. المنصوره، ٢٠٠٦