Карим Қодиров
Таърихи таваллуд | 5 март 1940 (84 сол) |
---|---|
Фазои илмӣ | таърихшинос |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои таърих |
Карим Қодиров (Қодиров Карим Собирович; зод. 5 марти 1940, ноҳияи Муъминобод, вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон) — таърихшинос, доктори илмҳои таърих, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Техникуми полиграфии Рига (1960) ва факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии Ленинобод (1971) хатм кардааст.
Ношир ва директори матбаъаи ноҳияи Ҳисор, мудири матбааи КМ ПК Тоҷикистон, директори генералии ҶС «Боржома/Упаковка» шуда кор кардааст.
Аз 27 майи соли 2001—2005 вакили Маҷлиси намояндагон (интихоботи миёндавраӣ) аз ҳавзаи 4-уми ноҳияи Сино. Аз ҷониби ҲКТ пешбарӣ шуда, аз ҷониби ҲХДТ дастгирӣ шудааст. (Номзад аз ҲДТ ва ҲНИТ А.Соҳибназаров пирӯз шуд)[1].
Узви фраксияи Ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон. Котиби якуми ккумитиаҳи ҳизбии ноҳияи Сино.
Муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтмони давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Корманди хидматнишондодаи саноати ҶШС Точикистон
- Аълочии матбуоти Тоҷикистон.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ КОДИРОВ Карим Собирович. centrasia.org. ЦентрАзия. 5 марти 2022 санҷида шуд.