Каркадан
| Каркадан | ||||||||||||
|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
| Табақабандии илмӣ | ||||||||||||
|
ХАТО: шаблони орояшинохтӣ нест. Параметрҳои parent ва rangро пур кунед.
|
||||||||||||
| Номи байнулмилалии илмӣ | ||||||||||||
| Rhinocerotidae Gray, 1821 | ||||||||||||
| ||||||||||||

Каркадан, каргадан, карг (лот. Rhinocerotidae) — ҳайвонест ширхӯр.
Дарозии танаш 2,5—4 метр, баландиаш 1—2 метр, вазнаш то 3 т (баъзан аз ин ҳам зиёдтар). Дар назди бини 1—2 шох дорад. Пойҳояш кӯтоҳи сеангушта. Рангаш хокистарӣ, сиёхтоб. Хеле хуб медавад (дар масофаи кӯтоҳ суръаташ 40—45 км/с). Дар ҷануби шарқии Осиё ва Африқо паҳн шудааст. Дар ҷангалҳои. тропикӣ, саваннаҳр, буттазори соҳилҳо ва ботлоқзор зиндагӣ мекунад.
Алаф, навда ва барги рустаниҳоро мехӯрад. Каркаданхо бештар ҷуфт-ҷуфт ва баъзан гурӯҳ-гурӯҳ мегарданд. Даври ҳамли Каркандан 17—18 моҳ давом ме¬кунад; як бача мезояд (вазнаш ка¬риб 25 кг). Гӯшташ хурданбоб. Шохи Каркадан хосияти шифобахшӣ дорад. Дар олам 5 намуди Каркадан маълум аст. Шикори Каркадан манъ аст. Дар ҳудуди ҷумҳури чанд хели Каркадан зистааст. Боқимонадҳои эласмотерий, Каркадани муйдор ва ғайраҳо аз зери замин ёфт шудаанд.