Jump to content

Карл Адолф Гйеллеруп

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Карл Адолф Гйеллеруп
дан. Karl Adolph Gjellerup
Таърихи таваллуд: 2 июн 1857(1857-06-02)[1][2][3][…]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 11 октябр 1919(1919-10-11)[4][5][6][…] (62 сол)
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
  • Подшоҳии Дания[d]
Навъи фаъолият: шоир, нависанда, румоннавис, намоишноманавис
Забони осор: забони даниягӣ[8][9]
Ҷоизаҳо:
 Парвандаҳо дар Викианбор

Карл Адолф Гйеллеруп (дан. Karl Adolph Gjellerup; 2 июн 1857[1][2][3][…], Roholte[d], Дания[7]11 октябр 1919[4][5][6][…], Klotzsche[d], Саксония, Ҷумҳурии Федеративии Олмон[7]) — нависанда ва драматурги донморкӣ, номзади илмҳои диншиносӣ (1878). Барандаи Ҷоизаи нобелӣ (1917).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Хатмкардаи факултаи илоҳиёти донишгоҳи Копенҳаген. Пас аз танқидан омӯхтани Библия ба скептитсизм (шаккокӣ) майл намуд. Романҳои «Идеалист» (1878), «Данияи ҷавон» (1879), «Антигонос» (1880), «Шогирди олмониҳо» (1882)-и ӯ таҳти таъсири нависандаи озодфикр, мунаққид ва публитсисти даниягӣ Г. Брандес (1842—1927) навишта шудаанд. Карл Адолф Гйеллеруп сиёсати иҷтимоии даврро танқид мекард ва ғояи озодии виҷдонро тарғиб менамуд. Дар маҷмӯаи ашъори «Дулона» (1881), аз мубориза бар зидди иртиҷои динӣ баҳс кардааст. Таассуроти сафараш аз Олмон, Швейсария ва Русия (1883 −84) дар китоби «Солҳои мусофират» (1885) инъикос ёфтаанд. Дар ин асар Карл Адолф Гйеллеруп аз ақидаҳои Брандес дур шуда, майл намуданашро ба адабиёти рус изҳор доштааст. Дар таъсири эҷодиёти И. С. Тургенев романҳои «Гомул», «Сол мажор» (1883) ва «Минно»-ро (1889) навишт.

Ба қалами Карл Адолф Гйеллеруп драмаҳои «Брюнхилда» (1884), «Хагбард ва Сигне» (1888), «Шоҳ Ерне Склад» (1893) (дар асоси ривоятҳои скандинавии қадим), драмаҳои иҷтимоӣ-равонии «Ҳерман Вандел» (1891), «Вутхорн» (1893), «Аълоҳазрат» (1895) мутааллиқанд. Карл Адолф Гйеллеруп аз соли 1892 дар Олмон мезист ва бо забони олмонӣ эҷод мекард. Романи «Осиёб»-и ӯ (1896) аз лиҳози равонӣ аз дигар асарҳояш тафовут дорад. Дар драмаи «Оташҳои қурбонӣ» (1903) ва романи «Камонитаи зоир» (1906)-и ӯ таъсири ақидаҳои Ф. Нитсше, А. Шопенгауэр ба назар мерасанд. Дар солҳои охири ҳаёташ романҳои «Мусофирони абадӣ» (1910), «Дӯстони Худо» (1916), «Шохаи сабз»-ро (1917) таълиф намуд, ки дар онҳо мавзӯъҳои дини масеҳият матраҳ гардидаанд.

  1. 1.0 1.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  2. 2.0 2.1 Internet Speculative Fiction Database (ингл.) — 1995.
  3. 3.0 3.1 Discogs (ингл.) — 2000.
  4. 4.0 4.1 Arkiv for Dansk Litteratur - Karl Gjellerup
  5. 5.0 5.1 Karl Adolph Gjellerup (ингл.)Nobel Foundation.
  6. 6.0 6.1 https://www.gravsted.dk/person.php?navn=karlgjellerup (дат.)
  7. 7.0 7.1 7.2 7.3 могила
  8. Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  9. CONOR.Sl
  • Неустроев В. П. Литература скандинавских стран (1870—1970). М., 1980;
  • Большая советская энциклопедия. Т. 7. М., 1972.
  • Гйеллеруп Карл Адолф / Г. С. Нозимова // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.