Jump to content

Карнайгул

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Карнайгул

Карнайгул, канна (Canna ge-heralis), гиёҳи як ё бисёрсолаи ороишӣ. То 2 метр қад мекашад; решааш сергушти лундамонанд; пояи ғафсу рости камшохча, барги калони сероб ё дарозрӯяи байзашакли сабз, баъзан бунафши сурхтоб (дарозиаш 60 см, бараш то 35 см) до¬рад. Гулаш дуҷинсаи калон (бараш то 10 см), аргувояи, сурх, норанчӣ зард, гулобй ва сафед; хӯшагули назаррабо ва ғӯза дорад. Тухмаш сиёҳи мудаввар (10-тоаш 1 г). Дар Тоҷикистон Карнайгулро аз соли 1939 ин ҷониб парвариш мекунанд.