Jump to content

Каромат Алии Ҷунпурӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Каромат Алии Ҷунпурӣ
Иттилооти инфиродӣ
Касб, шуғл: нависанда, фақеҳ, Q31322010?
Таърихи таваллуд: 11 июн 1800(1800-06-11)
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 31 май 1873(1873-05-31) (72 сол)
Маҳалли даргузашт:
Эътиқод: ислом
Вироиши Викидода

Каромат Алии Ҷунпурӣ (форсӣ: کرامت علی جونپوری‎; 11 июн 1800, Jaunpur district[d], Varanasi division[d]31 май 1873, Rangpur District[d], Роҷи Бритониё ё Банглодеш) — олими дин ва фақеҳи ҳанафӣ, аз наберагони Саййид Ҳамидуддин Ҳусайнии Муҳаммадободӣ.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Пас аз фарогирии таҳсилоти ибтидоӣ дар зодгоҳ муқаддамоти наҳв ва мантиқро назди Саййид Зокир Алии Ҷунпурӣ (фавт 1796) омӯхт. Сипас барои такмили дониш ба Лакҳнав рафта, он ҷо ду сол сокин шуд ва такмили илм кард. Баъд ба Ироқ ва Эрон сафар карда, замони ҳукмронии Фатҳалишоҳи Қоҷор (1797‒1834) муддате дар Машҳад машғули тадрис шуд ва чанде ба ҳайси муншии консулгарии Англия дар Табрез кор кард. Каромат Алии Ҷунпурӣ 10 сол дар Эрон иқомат дошт ва дар дохили ин кишвар ва Мовароуннаҳр бисёр сафар кард. Дар сафари Артур Конолли (1807‒42) ба Ҳинд аз роҳи Афғонистон ҳамроҳаш буд ва ӯро дар Афғонистон аз хатари марг раҳонид. Ӯ бо пешниҳоди Артур Конолли намояндаи ҳукумати Ҳинд дар дарбори Дӯстмуҳаммадхон, фармонравои Афғонистон дар Кобул таъйин шуд. Дар бозгашт ба Ҳинд чанде дар Аҷмир ба кори қазо пардохт ва сипас мутаввалии имомбора (Ҳусайния)-и Ҳоҷмуҳсин дар Ҳуглӣ шуд ва ҳамон ҷо даргузашт.

Муҳимтарин асари ӯ «Маъхазу-л-улум» аст, ки донишманди маъруфи Ҳинд (дар таърих, фалсафа ва қонуни ислом) Амир Алӣ онро ба англисӣ тарҷума кардааст (ин тарҷума соли 1867 дар Калкатта чоп шудааст). Аз осори дигари ӯ «Фазилату арабийя…», «Рисола фӣ-л-мафозилати байна-л-лисонайни-л-арабӣ ва-л-форсӣ» (соли 1853 дар Ҳинд чоп шудааст), «Илми арӯз ва қавофӣ» ва «Минҳоҷу-л-ислом» мебошанд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]