Jump to content

Касян Голейзовский

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Касян Голейзовский
Таърихи таваллуд: 5 март 1892(1892-03-05) ё 1892[1]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 4 май 1970(1970-05-04) ё 1970[1]
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ:
Касб: ҳунарпешаи балет, балетмейстер, хореограф, омӯзгор
Солҳои фаъолият аз 1909
Ҷоизаҳо:
 Парвандаҳо дар Викианбор

Кася́н Яросла́вич Голейзо́вский (5 март 1892 ё 1892[1], Маскав4 май 1970 ё 1970[1], Маскав) - ҳунарпешаи балет, балетмейстери рус, яке аз намояндагони барҷастаи пешрав дар соҳаи хореография. Артисти хидматнишондодаи ҶШС Белорусия (1940), Ходими хидматнишондодаи санъати ҶШС Литва (1954).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Хатмкардаи Омӯзишгоҳи театрии Петербург (1909). Солҳои 1909–18 артисти Театри Калони Маскав ва баъд (1920–24) роҳбари балети камеравии Маскав буд. Аз нимаи дуввуми солҳои 30 асри 20 дар театрҳои Харков, Минск, Лвов, Душанбе кор кардааст. Солҳои 1916–25 балетҳои «Сонатаи марг ва ҳаракат» (дар асоси мусиқии А. Н. Скрябин, 1918), «Саломея» (дар асоси мусиқии Р. Штраус, 1922), «Фоҷиаи ниқобҳо»-и Б. Б. Бер, «Фавн» (дар асоси мусиқии Дебюсси), «Пирмардакҳои регӣ» (дар асоси мусиқии оҳангсозони гуногун, 1918), «Макс ва Морис» (дар асоси мусиқии Л. Шитт, 1919) ва ғ.-ро ба саҳна гузошт. Дар миёнаи солҳои 1930, вақте ки «драмбалет» ҳамчун жанри асосии намоишномаҳои хореографӣ таъйид шуд, санъати Г. «формалистӣ» шинохта шуд ва ӯ аз басаҳнагузории намоишномаҳо дар Театри Калони Маскав маҳрум монд. Баъдтар балетҳои «Листиана» (дар асоси мусиқии Ф. Лист) «Деҳкадаи шӯроӣ»-и Б. Б. Бер ва «Кармен» (Маскав, 1931), «Нозанини хуфта»-и П. И. Чайковский (Харков, 1935) «Фаввораи Боғчасарой»-и Б. В. Асафев (Минск, 1939), «Композитсияҳои хореографӣ» дар асоси мусиқии А. Н. Окрябин ва Ф. Лист (Маскав, 1960–61)-ро ба саҳна гузошт. Соли 1941 бо роҳбарии ӯ нахустин балети тоҷик «Ду гул» саҳнагузорӣ шуд. Г. шаклҳои нави хореографияи тоҷик (рақсҳои оммавӣ, чаҳоркаса ва бисёркасаро, ки бо ширкати як зану чанд мард иҷро мешуданд)-ро таҳия намудааст. Ӯ дастаи хурди раққосони мардумиро машқ ва маҳорату истеъдоди онҳоро сайқал дода, намоиши ҷолиб офарид. Дар консерти хотимавии Даҳаи адабиёт ва санъати тоҷик дар Маскав (1957) Г. рақси оммавии «Пахта»-ро ба саҳна гузошт. Инчунин дар саҳнаи Театри Калони Маскав балети тоҷикии «Лайлӣ ва Маҷнун»-и С. Баласанянро (1964) таҳия намуд. Дар рақсҳои эҷодкардаи Г. баъзе аз унсурҳои рақси мардумии тоҷикӣ, пластикаи миллӣ бо рақси классикӣ омезиш ёфтаанд. Ӯ муаллифи китоби «Образҳои хореографияи халқии рус» (М., 1964) мебошад. Бо ду орден ва медалҳо сарфароз гардидааст.

  1. 1.0 1.1 1.2 1.3 Identifiants et Référentiels (фр.)ABES, 2011.