Jump to content

Кафшдӯзӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Кафши чубин

Кафшдӯзӣ (порсӣ: کفشدوزی ) – яке аз ҳунарҳои суннатии тоҷикон мебошад, ки ба истеҳсоли пойафзор вобаста аст. Кафшдӯзӣ ҳамчун касби анъанавӣ дар шаҳру ноҳияҳои Самарқанду Бухоро, Хуҷанд, Ҳисор, Панҷакант, Ӯротеппа (Истаравшан), Кӯлобу Балҷувон, Қаротегину Дарвоз ва ғайра маъмул буда, дар баъзе ҷойҳо деҳаву гузарҳои «Кафшдӯзон» вуҷуд доштанд.

Дар Ҳисор барои дӯхтани кафш қолабҳои гуногунандоза, анбӯр, газан, даравш, чӯбтарош, чӯби бахия, чӯби рахш, чӯби пойкашӣ, куванд, кунда, фона, андоза ва дигар олот истифода мешуданд. Чарми ҳамворро устои кафшдӯз андоза карда, бо газан мебурид. Қолаб аз чарм ё коғази сахт бурида мешуд. Усто чарми андозашударо тавассути ришта ва даравш медӯхт. Сипас онро дар об тар карда тавассути анбӯр кашида, ба рӯи қолаб ҷойгир менамуд ва онро мехчакорӣ мекард. Баъди иҷрои ин ду амал чарми дар қолаб бударо хушк мекард, мехҳои куфта ва тасмаро аз қолаб мегирифт. Дар натиҷа чарми дар қолаб буда шакли пойафзоли нимтайёрро мегирифт. Бо воситаи чӯби найкашӣ ҷойи даркориро най кашида, бо даравшу ришта медӯхтанд. Ва ба он аз чӯб пошна тарошида, дар рӯи кунда монда мечаспониданд. Дар рӯи пошна муми сиёҳ, ки онро аз Самарқанд меоварданд, мемолиданд ва пошна ҷило пайдо мекард. Агар муми сиёҳ ёфт намешуд, аз муми сафед истифода мебурданд. Муми сафедро аз қуттии оруи асал ё аз хонаи занбӯр мегирифтанд. Баъди пошнаро сайқал додан, усто бо ду сӯзан бо риштаҳои ранга бахиядӯзӣ мекард. Гулпартоии болои кафшро «бахиядӯзӣ» мегуфтанд. Боз тавассути рахтчӯб дар болои кафш гул мекашиданд. Кафшдӯзон мувофиқи дархости харидорон барои арӯсон кафшҳои шинам медӯхтанд, ки баъзеи онҳо ғижжос зада, садои махсус мебаровард. Дар пошнаи ин гуна кафшҳо пӯстлохи даруни писта гузошта мешуд. Кафшҳо бо пошнаҳои баланд ва паст тайёр карда мешуданд. Кафшро аз чӯб низ тайёр мекарданд, ки он, асосан, дар фасли зимистон дар рӯйи замини пурбарф пӯшида мешуд. Дар гузашта устоҳои кафшдӯзу мӯзадуз иттиҳодия, рисолаи касб ва пиру пешвои худро доштанд. Пас аз Инқилоби Октябр устоҳо ба артелу корхонаҳои давлатӣ ҷалб карда шуданд.[1]

Ершов Н.Н. Домашние промыслы и ремесла // Таджики Каратегина и Дарваза. – Душанбе, Вып. 1, 1966; Ершов Н.Н. Каратаг и его ремесла. – Душанбе, 1984. Турсунов Н. Из истории городского ремесла северного Таджикистана (Ткацкие промысли Ходжента и его пригородов в конце XIX – начале XX вв.). – Душанбе, 1974

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Бофандагӣ

  1. Д. Раҳимов. Касбу ҳунарҳои анъанавии тоҷикон. – Душанбе, 2014. – С. 42 - 46.