Мунаввара Кенҷаева
Зоҳир
(Тағйири масир аз Кенҷаева Мунаввара)
Таърихи таваллуд | 1955 |
---|---|
Зодгоҳ | |
Пеша | ҳуқуқдон |
Падар | Ҳодӣ Кенҷаев |
Мунаввара Кенҷаева (Кенҷаева Мунаввара Ҳодиевна; зод. 1955, Хистеварз, вилояти Суғд) — ҳуқуқшиноси тоҷик, духтари Ҳодӣ Кенҷаев[1].
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Мунаввара Кенҷаева факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намудааст. Дар вазифаҳои ёрдамчии прокурори ноҳияи Б. Ғафуров, судяи Суди шаҳри Қайроққум, аъзои Лигаи занҳои ҳуқуқшиноси вилояти Суғд, судя ва раиси Суди иқтисодии вилояти Суғд кор кардааст. Аз ҳавзаи интихоботии ягонаи умумиҷумҳуриявӣ аз Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум интихоб мешавад. Аз 16 марти соли 2010 узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия буд[2].
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Хайруллои Абдулваҳҳоб. Ҳодии танкзани сафшикани хасмафкан. Рӯзномаи "Садои мардум" (13 ноябри 2014). 19 Декабри 2024 санҷида шуд.
- ↑ Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА. Қонунҳо ба татбиқи ислоҳоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ бояд ҷавобгӯ бошанд(тоҷ.). «Садои мардум». 9 ноябри 2021 санҷида шуд.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Маълумотнома дар бораи вакилони Маҷлиси yамояндагон. archive.md (5 Декабри 2012). 9 ноябри 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 5 Декабри 2012.