Ҳодӣ Кенҷаев
Ҳодӣ Кенҷаев | |
|---|---|
| Кенҷаев Ҳодӣ Исобоевич | |
| | |
| Таърихи таваллуд | 7 ноябри 1914 |
| Зодгоҳ | Хистеварз, вилояти Суғд, Тоҷикистон |
| Таърихи даргузашт | 24 феврали 1992 (77 сол) |
| Маҳалли даргузашт | Таджикистан |
| Навъи фаъолият | сиёсатмадор |
| Мансубият |
|
| Намуди қушун | артиллерия |
| Солҳои хидмат | 1938—1946 |
| Рутба | |
| Ҷангҳо | |
| Ҷоизаҳо | |
Ҳодӣ Кенҷаев (Кенҷаев Ҳодӣ Исобоевич; 7 ноябри 1914, Қистакӯз — 23 феврали 1992, Тоҷикистон) — лейтенанти хурди Артиши Шуравӣ, куҳансарбози Ҷанги Бузурги Ватанӣ, Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ (1943)[1].
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Кенҷаев Ҳодӣ Исобоевич 7 ноябри соли 1914 дар деҳоти Қистакӯзи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд дар хонаводаи кишоварз таваллуд шудааст. Аз соли 1938 дар сафи Артиши Шуравӣ хидмат карда, соли 1939 омӯзишгоҳи фармондеҳони хурдро хатм намуда, рутбаи фармондеҳи хурди оташборро гирифтааст. 23 сентябри соли 1943 дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ миёни тоҷикон Ҳодӣ Кенҷаев аз аввалинҳо буд, ки бо унвони олӣ — Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ мушарраф гардонида шуд.
Ӯ пас аз Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ҷанг бо Япония низ ширкат кардааст. Пас аз ҷанг дар вазифаҳои роҳбарии ҳизбиву давлатӣ кор кардааст.
Солҳои 1946—1948 вай дар Мактаби ҳизбии назди КМ ҲК Тоҷикистон таҳсил карда, аз соли 1961 раиси Шурои деҳоти Қистакӯз дар ноҳияи Хуҷанд буд. Як муддат инспектори Комиссариати халқии маориф, мудири бахши илмии Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Қӯрғонтеппа будааст.
Солҳои 1946—1962 намояндаи Шурои Олии ИҶШС (даъватҳои дуюм, сеюм, чорум ва панҷум) буд. Аз соли 1963 то соли 1990 депутати Шурои Олии ҶШС Тоҷикистон (даъватҳои шашум, ҳафтум, ҳаштум, нуҳум, даҳум ва ёздаҳум) интихоб шудааст. Солҳои 1967 −1975 дар вазифаи муовини Раиси Шурои Олии ҶШС Тоҷикистон кор карда, аз соли 1965 то соли 1985 узви Пленуми Кумитаи собиқадорони Ҷанги бузурги ватании ИҶШС, солҳои 1968—1985 узви раёсати Ҷамъияти дӯстии Иттиҳоди Шуравӣ бо кишварҳои хориҷӣ буд[2].
Хонавода
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз Ҳодӣ Кенҷаев чаҳор фарзанд — се духтар ва як писар боқӣ мондааст. Муҳаббат Кенҷаева пизишк, Мавлуда Кенҷаева рӯзноманигор, Давронҷон Кенҷаев муҳандис ва Мунаввара Кенҷаева ҳуқуқдон мебошанд.
Муҳорибаи Курск
[вироиш | вироиши манбаъ]Сержанти калон Ҳодӣ Кенҷаев аз рӯзҳои аввали Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳамроҳ бо дигар тоҷикписарон дар муҳорибаҳо мардонагиву ҷасорат нишон додааст. Моҳи июли соли 1943 дар муҳорибаи шадиди Курск дар ҳайати ҳанги оташборгони шикорӣ № 1177-уми Ҷабҳаи Воронеж ҷангида, қаҳрамониҳои бемислу монанд нишон дод. Ягони размии зери фармондеҳии ӯ бар зидди танкҳои фашистӣ, аз ҷумла дар муқобили «шоҳпаланг»-ҳо баромад. Сафи муҳофизон кам мегашт, аммо фармондеҳи захмдоршуда танкҳои фашистиро пайи ҳам ба нишон мегирифт. Фармондеҳи ҳанг майор П. Шалимов 10 июли соли 1943 ҳангоми пешниҳод кардани Ҳ. Кенҷаев ба унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ чунин баҳо додааст: «…Дар ду шабонарӯз, зери бомбаборони пайвастаи 30-40 ҳавопаймои душман ҳамлаҳои сахттарини танкҳои душманро зада гардонид. Ӯ тӯпро моҳирона идора карда, бо оташбори худ ду танки миёна ва ду танки калони фашистиро аз кор баровард. Вақте ки хадамаи оташбор пурра аз саф баромад, фармондеҳи тӯп худ оташфишониро давом дода, боз ду танки миёнаю ду танки калонро аз кор баровард. Тӯпи сержанти калон Ҳ. Кенҷаев танҳо дар як рӯз 4 танки миёна ва 4 танки Т-IV душманро нобуд кард».
Бояд гуфт, ки ғалаба дар муҳорибаи Курск ва ба соҳили Днепр баромадани лашкари шӯравӣ гардиши бузурге дар ҷанг буд. Барои қаҳрамониҳо дар ин муҳориба дар баробари Ҳ. Кенҷаев садҳо нафар бо ордену медал сарфароз гардиданд.
Зимни муқовиматҳо Ҳ. Кенҷаев ба ҳамсафонаш бо чунин суханон муроҷиат мекард: «Фаромӯш накунед, ки мо акнун ҷангҳои сахти ҳалкунандаро барои озод кардани шаҳри Киев, барои баромадан ба соҳили рости Днепри бузург идома медиҳем…Қасам мехӯрем, ки тамоми Украинаро озод намуда, бо ҳамин тамоми хоки мамлакатамонро аз ин нопокон тоза мекунем»…
4 январи соли 1944 дар Кремл Раиси Президиуми Шурои Олии ИҶШС Михаил Иванович Калинин Ҳодӣ Кенҷаевро бо ордени «Ленин» ва «Ситораи тило» сарфароз гардонид[2].
Ҷоизау унвонҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 1984 Ҳодӣ Кенҷаев яке аз аввалинҳо шуда, бо унвони «Мураббии хидматнишондодаи ҷавонони ҶШС Тоҷикистон» сарфароз гардидааст.
Бо орденҳои «Ленин», «Ситораи тило», ду ордени «Нишони Фахрӣ», ордени ҶБВ дараҷаи 1 ва як қатор медалҳову грамотаҳои Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон мукофотонида шудааст[2].
Даргузашт
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҳодӣ Кенҷаев 23 феврали соли 1992 аз дунё даргузашт.
Хотира
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар зодгоҳи Ҳодӣ Кенҷаев — деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд нимпайкарааш гузошта шудааст. Дар баробари номгузории кӯчаҳо ва таълифи китоб, чанде пеш дар варзишгоҳи Хистеварз мусобиқаи муштзанӣ бахшида ба ҷашни 100- солагии Ҳодӣ Кенҷаев дар сатҳи баланд гузаронида шуд.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Герои Советского Союза: Краткий биографический словарь / Пред. ред. коллегии И. Н. Шкадов. — М.: Воениздат, 1987. — Т. 1 /Абаев — Любичев/. — 911 с. — 100 000 экз.
- Днепр — река героев. — Киев, 1983.
- Подвиги Героев Советского Союза. — М., 1981.
- Сечкина Л. П. Твои Герои, Таджикистан. — Душанбе, 1985.
- Бобоҷон, Алӣ. Ҳоди Кенҷаев./Очерк. – Душанбе: Ирфон, 1970. – 48 с.
- Бобоҷон, Алӣ. Ҳоди Кенҷаев. – Душанбе: Ирфон,1970. – 24 с.
- Бозорбоева, М., Бобохонов, М. Сарбозони шуҷоъ. – Душан¬бе: Ирфон,1985. – 128 с.
- Сафаров Р. Қаҳрамони Вахш ва Днепр. – Душанбе: Ирфон, 1985. – 192 с.
- Сафаров Р. Сарбаландон./ Маҷмӯа.– Душанбе: Ирфон, 1985. – 52 с.
- Сафаров Р. Ҳазору як корнома./Иборат аз 3 ҷилд. – Душанбе: Сарредаксияи илмии энсиклопедияи миллии тоҷик. – Душанбе,1995.
- 1995. – Ҷ.1. – 568 с.
- 1998. – Ҷ.2. – 495 с.
- 2005. – Ҷ.3. – 447 с.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Кинжаев Ходи Исабаевич. Сайт «Герои страны». 12 июли 2017 санҷида шуд.
- 1 2 3 Садои мардум — нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Ҳодии танкзани сафшикани хасмафкан(тоҷ.). sadoimardum.tj. 12 июли 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 31 май 2017.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Садои мардум — нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Ҳодии танкзани сафшикани хасмафкан(тоҷ.). sadoimardum.tj. 12 июли 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 31 май 2017.
- Зодагони 7 ноябр
- Зодагони соли 1914
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони вилояти Суғд
- Даргузаштагони 24 феврал
- Даргузаштагони соли 1992
- Лейтенантҳои хурд (СССР)
- Қаҳрамонони Иттиҳоди Шӯравӣ
- Дорандагони ордени Ленин
- Дорандагони ордени Ҷанги Ватанӣ дараҷаи I
- Дорандагони ордени «Нишони Фахрӣ»
- Википедия:Саҳифаҳо бо корбурди параметри «ном» дар шаблони «Қуттӣ»
- Иштирокчиёни муҳорибаи Курск
- Иштирокдорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ
