Кинотеатр

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Кинотеатр – бинои ҷамъиятие, ки барои намоиши кинофилмҳо таъин шудааст. Қисми асосии кинотеатр дорои толори тамошо ва экрани (бараш то 30м) калони акси рўшноию садоӣ мебошад. Кинотеатрҳои калони ҳозиразамон бо системаи тозакунии ҳаво, шифту деворҳои барои садофурунишонӣ мувофиқ, фойе ва дигар хонаҳои иловагӣ ҷиҳозонида шудаанд. Маҷмўи тачҳизоти кинонамоишдиҳии кинотеатри ҳозиразамон аз якчанд кинонишондиҳандаҳои пуриқтидори универсалӣ (барои намоиши филмҳои одӣ ва васеъэкране, ки дар кинонаворҳои барашон 35мм ва филмҳои стереофоние, ки дар кинонаворҳои барашон 70мм сабт гардидаанд), тақвиятдиҳандаи электронии овоз аз таҷҳизот ҷараёни барқ, шабакаи идоракунии автоматӣ ва нимавтоматии сеансҳо иборат аст. Аввалин кинотеатрҳо дар охири соли 1900 сохта шуданд, ки аз маҷлисгоҳу толорҳои консертӣ фарқ надоштанд. (Кинотеатр дар Коллендорфплатси Берлин, 1910. «Художественный»-и Москва, 1910). Дар солҳои 1920 сохтани кинотеатрҳо бо усули барокко, готика («Капитоль», Берлин, 1925), инчунин кинотеатрҳои замонавии барои намоиши филмҳо мувофиқ («Универсум», Берлин, 1928; «Ударник», Москва, 1928-1931) маъмул гардиданд. Солҳои 1950-1960 навъи нави киноматография- стереокино ва кинопанорамаҳои мудавварро ба миён овард. Сохтани толорҳои калони киноконсертии дорои 2500-4000 ҷой низ расм шуд, ки таҷҳизоти техникии паакустикии онҳо барои намоиши консертҳои калон ва тамоми навъҳои кино имкон медиҳад. Дар Россия Қасри Кремль (дорои 6150 ҷой, яке аз калонтарин дар ҷаҳон) ва зали консертии марказии меҳмонхонаи «Россия» дар Москва, (дорои 3000 ҷой) ва ғайра аз ҷумлаи онҳоянд. Дар ҷаҳон қариб 10000 кинотеатр мавҷуд аст.

Дар Тоҷикистон[вироиш]

Дар Душанбе аввалин кинотеатр соли 1928 ба кор даромад. Ҳамон солҳо дар Тоҷикистон боз се кинотеатри дигар (Уротеппа, Хуҷанд, Конибодом) кушода шуданд. Соли 1932 дар трести «Тоҷик-кино» 65 кинотеатр ё нуқтаи филмпаҳнкунӣ (аз ҷумла, 31 клуб: 9 ҳарбӣ, 15 совхозӣ ва 10 мактабӣ) мавҷуд буд. Инчунин дар ҷумҳурӣ 45 кинои сайёр амал мекард. Соли 1929 дар сети кинои ҷумҳурӣ 1932 14 дастгоҳи кино мавҷуд буд. Соли 1970 шумораи дастгоҳҳо ба 1112 расид. Дар Тоҷикистон чандин кинотеатри васеъформат, аз ҷумла кинотеатри ба номи «Ҷомӣ» (дорои 1000 чой), «Тоҷикистон» (дороӣ 800 ҷой) Кинотеатри махсуси бачагонаи «Орлёнок» (дорой 500 чой) амал мекунанд.[1]

Эзоҳ[вироиш]

  1. Муродов М. Донишномаи фарҳанги рӯзноманигорӣ. Муҳаррир Ш. Комилзода. – Душанбе: Аржанг, 2016. – 480 с. – С. 133-134. ISBN-978-999-47-43-37-7