Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Китобхонаи миллии Тоҷикистон | |
---|---|
Навъ | китобхонаи миллӣ |
Кишвар | Тоҷикистон |
Нишонӣ | Душанбе, н. И. Сомонӣ |
Таъсис | соли 1933 |
Фонд | |
Таркиби захира | китобҳо, дасхатҳо |
Дигар иттилоот | |
Раис | Ҷумахон Файзализода |
Веб-сайт | kmt.tj |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Китобхонаи миллии Тоҷикистон (Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон») — бузургтарин китобхона ва махзани дастнависҳои гаронбаҳои Тоҷикистон.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Китобхонаи миллии Тоҷикистон соли 1933 дар заминаи китобхонаи шаҳрии пойтахт таъсис ёфта, соли 1934 ба ифтихори 1000-солагии Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ номи ӯро гирифт. Соли 1993 китобхона мақоми миллиро дарёфт кард[1].
Сохтмони пешин
[вироиш | вироиши манбаъ]Бинои пешинаи Китобхона (меъмор С. Анисимов, муҳандис Е. Барсукова) дар хиёбони ба номи Рӯдакӣ ҷойгир буд. Ин бинои дуошёна шакли ҳарфи «П»-ро дорад; дар зери он таҳхона ҷой гирифтааст. Ҳоло дар он Палатаи ҳисоб ва дигар муассисаҳои фарҳангӣ ҷойгиранд.
Бо гузашти ҳудудан 80 сол бинои пешина ба талабот ҷавобгӯ нашуд. Афзудани теъдоди китобҳо ва фарсуда шудани рафҳои китобмонӣ дар таҳхонаи бино, ки маъмулан бойгонӣ дар он нигаҳдорӣ мешуд, заҳ кашидан ва бар асари он хароб шудани сохтори китобҳо, ҳамчунин замонавӣ набудани толорҳои хониш он заруратеро пеш овард, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди бунёди як бинои мутобиқ ба шароити замон тасмим бигирад. 4 сентябри соли 2007 бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон хишти аввали бинои нави китобхона гузошта шуд ва баъди панҷ сол дар арафаи Наврӯзи соли 2012 бинои нави китобхона бо номи Китобхонаи миллии Тоҷикистон расман ба фаъолият шурӯъ кард[1].
Хазинаи китобхонаи пешин
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар даврони шӯравӣ дар хазинаи китобхона зиёда аз 3 млн нусха китобу дастхатҳои нодир ба забонҳои гуногун ҷамъ оварда шуда барои истифодаи хонандагон пещкаш карда мешуданд. Соли 1993 Китобхона мақоми миллиро соҳиб шуд. Дар фондҳои китобхона 3 миллиону 326 ҳазору 300 нусха китобу дастхатҳои нодир маҳфузанд ва аз онҳо беш аз 35 000 нафар хонандагони доимӣ истифода мекунанд. Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ дар тӯли фаъолияти хеш барои ҷамъоварӣ, ҳифзу нигоҳдорӣ ва мавриди омӯзишу таҳқиқ қарор додани нодиртарин ёдгориҳои хаттии миллати тоҷик, дастнависҳои илмию адабӣ, ки ҳазорсолаҳо умр доранд, саҳми муносиб гузоштааст.
Сохтмони нав ва бозтаъсис
[вироиш | вироиши манбаъ]Бунёди бинои нави Китобхонаи миллии Тоҷикистон соли 2007 оғоз ёфта, ҳазинааш зери 40 миллион доллар баровард мешавад. Масоҳати умумии китобхона ҳудуди 45 ҳазор метри мураббаъ буда, он дорои 40 толори хониш, 22 махзан барои нигоҳдории беш аз 10 миллион нусха китоб ва дигар асноди иттилоотӣ ва маҷлисгоҳҳо ва чопхона мебошад. Бинои нав 167 метр дарозӣ ва 52 метр баландӣ дошта, аз чор қисм иборат аст. Қисми «а» — аз 9 ошёна бо таҳхона, қисми «б» ва «в» аз 6 ошёна бо таҳхона, қисми «г» аз 4 ошёна бо ошхона иборат аст. Масоҳати умумии китобхона 44 ҳазору 78 метри мураббаъ мебошад.[2]
Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июли соли 2011 № 1093 таъсис дода шудааст[3].
Хазинаи китобхона
[вироиш | вироиши манбаъ]Теъдоди хазинаи Китобхонаи миллии Тоҷикистон зиёда аз 6 миллион нусха китобро ташкил медиҳад. Аз он ҷумла, зиёда аз 3 млн нусха хазинаи Китобхонаи давлатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ ва боқимонда саҳми аҳолии Тоҷикистон ва муассисаҳои давлативу хусусӣ, ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ мебошад.
Сохтори китобхона
[вироиш | вироиши манбаъ]Китобхонаи миллии Тоҷикистон аз 40 шуъбаву бахшҳои гуногун ва марказҳои мухталиф иборат аст.
Шуъбаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Шуъбаи хидматрасонӣ ба муштариён
- Шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир
- Маркази иттилооти ҳуқуқӣ
- Шуъбаи матбуоти даврӣ
- Шуъбаи нигоҳдории депозитарӣ
- Шуъбаи адабиёти техникӣ ва илмҳои дақиқ
- Шуъбаи нигаҳдории китоб
- Шуъбаи феҳристнигорӣ ва истифодабарии онҳо
- Шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар
- Шуъбаи нигоҳдории рисолаҳои илмӣ
- Маркази «Тоҷикшиносӣ»
- Шуъбаи таҳрир ва интишорот
- Маркази такмили ихтисос
- Шуъбаи коркарди адабиёт
- Шуъбаи илмӣ ва таҳқиқотӣ
- Шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ
- Шуъбаи абонементи байни китобхонаҳо ва расонидани ҳуҷҷатҳои КМТ
- Шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ
- Шуъбаи библиографияи миллӣ
- Шуъбаи адабиёти хориҷ
Толорҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Китобхонаи миллии Тоҷикистон дорои зиёда аз 12 толори хониши умумӣ ва тахассусӣ мебошад, ки хонандагон метавонанд мувофиқи талабот ё тахассусашон аз онҳо истифода намоянд.
- Толори хониш
- Толори намоиши китоб
- Толори матбуоти даврӣ
- Толори хониши адабиёти техникӣ ва илмҳои дақиқ
- Толори хониши электронӣ
- Толори маводи мусаббат
- Толори кормандони илм
- Толори адабиёти хориҷӣ
- Толори Рӯдакӣ
- Толори академикҳо ва докторантҳои илм
- Толори хониши дастхатҳои шарқ ва китобҳои нодир
- Толори хониши Феҳристнигорӣ[2]
Марказҳои фарҳангӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Бо ташаббуси китобхона ва кумаки сафорату марказҳои фарҳангии мукими кишвар, марказҳои фарҳангии якчанд мамолики дунё таъсис шудааанд. Онҳо китобу нашрияҳои худро ба хонандагон мавриди мутолиа пешкаш намуда чорабиниҳои гуногун барпо мекунанд.
- Маркази фарҳангии Амрико
- Маркази иттилоотии Олмон
- Бахши фарҳангии Эрон
- Маркази фарҳангии Чин
- Маркази фарҳангии Корея[2]
Хидматрасонии виртуалӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Китобхона сомонаи худро созмон додааст, ки тавассути он дар радифи маълумоти мушаххас оид ба таърих, фаъолияти кунунии бахшу шуъбаҳои китобхона, суроға ва реҷаи кории он, бахшҳои ҷолиб — «Хабарҳо», «Ба китобдор», «Махзани қисм», «Конун» ва «Бойгонӣ» пешниҳод шудаанд. Истифодаи манобеи электронӣ имкон медиҳад, ки дар радифи хонандагони анъанавӣ, хонандагони виртуалӣ номнавис шаванд ва фонди электронии Китобхонаи миллиро мавриди истифода қарор диҳанд.[2]
Раёсат
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ҷумахон Файзализода — директори КМТ,
- Саидҷафъар Сафаров — муовини аввали директор,
- Гадобек Маҳмудов — муовини директор,
- Салима Раҷабова — муовини директор.
Ҷолиб
[вироиш | вироиши манбаъ]Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар пули миллӣ, 10 сомонӣ тасвир ёфтааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 Таърихи Китобхонаи миллӣ. old.kmt.tj. Китобхонаи миллии Тоҷикистон. 10 феврали 2023 санҷида шуд.
- ↑ 2.0 2.1 2.2 2.3 Китобхонаи миллии Тоҷикистон
- ↑ Оинномаи МД «Китобхонаи миллии Тоҷикистон». old.kmt.tj. Китобхонаи миллии Тоҷикистон. 10 феврали 2023 санҷида шуд.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Э. РАҲМОН: «ДАР ҲАР ЯК ХОНАДОН БОЯД КИТОБХОНАИ ШАХСӢ БОШАД» ХОВАР Бойгонӣ шудааст 9 май 2012 сол.
- Национальная библиотека в новом времени Пресса tj Бойгонӣ шудааст 14 июли 2014 сол.
- Национальная библиотека Таджикистана
- В Национальной библиотеке Таджикистана состоится презентация новых книг, Авеста Бойгонӣ шудааст 12 августи 2014 сол.