Jump to content

Ҷумахон Файзализода

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷумахон Файзализода
Файзализода Ҷумахон Хол
Таърихи таваллуд 14 март 1963(1963-03-14) (61 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Совет, вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ педагогика
Ҷойҳои кор ДДОТ
Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои педагогика
Алма-матер Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон
Ҷоизаҳо «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2010)

Ҷумахон Файзализода (Файзализода Ҷумахон Хол, пештар Ҷумъахон Холович Файзалиев; 14 марти 1963, деҳаи Кангурти ноҳияи Совет, вилояти Кӯлоб) — омӯзгор, доктори илмҳои педагогика (2015). Аълочии маорифи Тоҷикистон (2010), Аълочии фарҳанги Тоҷикистон (2020), Аълочии матбуоти Тоҷикистон (2021). Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон (аз 2020)[1].

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҷумахон Файзализода 14 марти соли 1963 дар деҳаи Кангурти ноҳияи Совети вилояти Кӯлоб, дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Солҳои 1970—1980 дар мактаби миёнаи № 8, деҳаи Кангурти ноҳияи Темурмалик таҳсил намудааст.

Оиладор соҳиби 4 фарзанд: 3 писару 1 духтар мебошад.

Фаъолияти корӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Фаъолияти кориашро соли 1982 аз бригадаи чорвопарварии совхози Кангурти ноҳияи Темурмалик оғоз шудааст. Солҳои 1982—1984 хидмат дар сафи Кувваҳои Мусаллаҳи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, баъди адои хидмати ҳарбӣ аз соли 1985 то соли 1986 дар бригадаи № 3 совхози боғпарварии ба номи Исмат Шарипови ноҳияи Темурмалик ба сифати коргар ва аз соли 1986 то соли 1987 ба ҳайси мудири бахши баҳисобгирии Кумитаи комсомолии хоҷагӣ ва ҳамзамон ва сарвари комсомолони хоҷагии Кангурти ноҳияи Совет буд.

Фаъолияти омӯзгориашро ҳангоми донишҷӯ буданаш, (аз соли 1990) дар мактаби миёнаи № 62 шаҳри Душанбе оғоз намуд. Солҳои 1992—2000 ассистенти кафедраи психологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ. Ҷӯраев, солҳои 1995—1998 аспиранти ҳамин донишгоҳ буд.

Солҳои 2000—2003 вазифаи муовини декан оид ба тарбияи факултети таърихи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ. Ҷӯраевро ба уҳда дошт. Солҳои 2007—2008 вазифаи декани факултети таърихи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айниро ба уҳда дошт.

Солҳои 2008—2009 сардори шуъбаи таълими Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ва ҳамзамон дотсенти кафедраи педагогика ва психологияи ҳамин донишкада буд. Солҳои 2011—2013 вазифаи пурмасъулияти муовини ректор оид ба корҳои таълими Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзодаро ба дӯш дошт. Солҳои 2013—2014 ба ҳайси ходими калони илмии Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода фаъолият намудааст.

Соли 2014 Сардори раёсати таълими Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардида, то соли 2015 онро иҷро намуд. Аз соли 2015 то соли 2017 (пас аз тағйироти сохторӣ дар донишкада, ки раёсати таълим ба шуъбаи таълим табдил ёфт) сардори шуъбаи таълими Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шуда, дар раванди ҷорӣ гардидани низоми кредитӣ дар донишкадаи мазкур саҳм гузошт. Аз апрели соли 2017 то 04.02.2020 ба сифати муовини ректор оид ба таълим ва профессори кафедраи илмҳои иҷтимоӣ-гуманитарии Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият кардааст.

Аз 04.02.2020 бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи директори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид[2].

Фаъолияти илмӣ ва таълифот

[вироиш | вироиши манбаъ]

Моҳи марти соли 2006 дар мавзӯъи «Ақидаҳои педагогии мутафаккирони форсу тоҷики асрҳои ХII-ХIII оид ба ташаккули инсони комил» рисолаи номзадӣ ва дар соли 2015 дар мавзӯъи «Фалсафаи таҳсилоти мутафаккирони форсу тоҷики асримиёнагӣ ва арзишҳои он дар инкишофи педагогикаи миллӣ» рисолаи докторӣ ҳимоя кардааст. Муаллифи беш аз 75 асар илмии нашршуда, аз он ҷумла 13 корҳои илмӣ-методӣ, 4 монография, 2 китоби дарсӣ ва 60 кори илмӣ мебошад.

Барои хидматҳояш дар соҳаи маориф бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2010) ва як қатор ифтихорномаҳои соҳавӣ қадрдонӣ гардидааст.