Клод Луи Бертолле
фр. Claude Louis Berthollet | |
![]() | |
Таърихи таваллуд: | 9 декабр 1748[1][2][3][…] |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 6 ноябр 1822[4][2][3][…] (73 сол) |
Маҳалли даргузашт: | |
Кишвар: | |
Фазои илмӣ: | кимиё[6], сиёсат[6] ва пизишкӣ[6] |
Алма-матер: | |
Роҳбари илмӣ: | Antoine Lavoisier[d] |
Шогирдони маъруф: | Гей-Люссак, Жозеф Луи |
Ҷоизаҳо: | |
Имзо: |
![]() |
![]() | |
![]() |
Клод Луи Бертолле (фр. Claude Louis Berthollet; 9 декабри 1748, Таллуар (Савойя) — 6 ноябри 1822, Аркёй) — кимиёшиноси фаронсавӣ, доктори илмҳои тиб (1770), узви АИ Париж (1780), асосгузори таълимоти мувозинати кимиёӣ, профессори кафедраи кимиёи Мактаби политехникӣ ва Мактаби олии ҳамагонии Париж (1794).
Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]
Таҳқиқоти асосии Бертолле кимиёи ноорганикӣ, кимиёи маҳлулҳо ва хӯлаҳоро дар бар мегирад. Б. таркиби аммиак (1785), гази ботлоқӣ (1781) ва кислотаи сианидро муайян намуд. Нуқраи тарканда (фулминати нуқра) ва усули ҳосил намудани хлорати калий («намаки Бертолле»)-ро кашф кард. Нахустин усули сафедкунии матоъ, мум ва коғазро бо хлор (1785) истифода намуда, хосияти кимиёии моддаҳои таркибашон тағйир ёбандаро, ки баъдтар Н. С. Курнаков бертолидҳо номид, пешгӯӣ кард. Солҳои 1798-99 мушовири илмии Наполеон буд. Соли 1804 ба унвони граф соҳиб шуда, сенатори музофоти Монпелйе таъйин гашт. Бертолле соли 1807 аз хидмати расмӣ даст кашида, ҷамъияти илмие барпо намуд, ки бисёр олимони машҳури Фаронса аъзои он буданд.
Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]
- ↑ база данных Léonore (фр.) — ministère de la Culture.
- ↑ 2.0 2.1 Encyclopædia Britannica (ингл.)
- ↑ 3.0 3.1 Nationalencyklopedin (швед.) — 1999.
- ↑ Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ 5.0 5.1 https://www.accademiadellescienze.it/accademia/soci/claude-louis-berthollet (итол.)
- ↑ 6.0 6.1 6.2 https://aleph.nkp.cz/F/?func=find-c&local_base=aut&ccl_term=ica=ola2002152995
Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]
- Волков В. А., Вонский Е. В., Кузнецова Г. И. Выдающиеся химики мира. М., 1991.
Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]
- Клод Луи Бертолле // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2021, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
![]() |
Ин мақолаи хурд дар бораи одам аст. Бо густариши он ба Википедия кумак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |
- Зодагони 9 декабр
- Зодагони соли 1748
- Википедия:Саҳифаҳо бо занҷираи ҷуғрофии гуногунмаъно
- Даргузаштагони 6 ноябр
- Даргузаштагони соли 1822
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Олимон аз рӯи алифбо
- Мақолаҳои хурд дар бораи одамон
- Олимони Фаронса
- Олимони асри XIX