Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе  (КМОД)
Номҳои пештара Техникуми индустриалӣ-омӯзгории шаҳри Душанбе
Соли асосгузорӣ 1965
Азнавташкилшавӣ ба коллеҷ
Соли азнавташкилшавӣ 2014
Навъ муҳандисию омӯзгорӣ
Макон  Тоҷикистон
Нишонӣ 734024, шаҳри Душанбе, к. Борбад 48
Сайт kmod.tj

Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбемуассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Муассисаи таълимӣ дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ҷойгир аст.

Таърих[вироиш]

Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе 24 майи соли 1965 бо Қарори иҷроияи Совети депутатҳои меҳнаткашони шаҳри Душанбе ҳамчун Техникуми индустриалӣ-омӯзгории шаҳри Душанбе ба истифода дода шудааст. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.03.2014, «Низомномаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе аз тобеи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тобеи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд. Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе фаъолияти худро дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ», «Низомномаи намунавии муассисаи таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки фаъолияти муассисаҳои таълимиро ба танзим медарорад, амалӣ месозад.

Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе дорои як бинои чорошёна мебошад. Бино ба се қисм иборат аст. Биноҳо ҳамчун бинои таълимӣ ва хобгоҳ истифода бурда мешаванд. Инчунин Коллеҷ дорои устохонаи кафшергарӣ, устохонаи ҳарротӣ, устохонаи дуредгарӣ ва гараж мебошад. Бинои таълимии коллеҷ дорои шиносномаи техникии ҳавлӣ буда, масоҳати умумии таълимгоҳ 4761м2-ро ташкил медиҳад. Дар коллеҷ синфхонаҳо ва устохонаҳои таълимӣ ба мавод ва таҷҳизотҳои таълимӣ таҷҳизонида шудаанд, аз ҷумла синфхонаҳои: «Автомобил ва хоҷагии автомобилӣ », «Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ», «Таъминоти барқ», «Конструксияи биноҳо», «Сохтмони саноати шаҳрвандӣ»,«Технологияи маҳсулоти дӯзандагӣ», «Педагогика», «Психология», «Химия», «Забони модарӣ», «Математика», «Таърих», «Информатика».

Ихтисосҳо[вироиш]

Коллеҷ мутахассисонро аз рӯи ихтисосҳои зерин тайёр мекунад:

  • 2-08 01 01.01 – Таълими касбӣ (мошинсозӣ)
  • 2-08 01 01.05 – Таълимоти касбӣ (сохтмон)
  • 2-08 01 01.38 – Таълимоти касбӣ (саноати сабук «Дӯзанда»)
  • 2-08 01 01.42 – Таълими касбӣ (таъминоти техникии корҳои * кишоварзӣ)
  • 2-08 01 01.31 Таълимоти касбӣ (нақлиёти автомобилӣ)
  • 2- 430103 «Таъминоти барқ»
  • 2-690101.06 «Меъмории ландшафтӣ»
  • 2-700431-«Таҷҳизоти санитарӣ-техникии биноҳо ва иншоот»
  • 2-02 0 602-« Системаи компютерӣ ва Интернет – технология»
  • 2-270131.24 –«Иқтисодиёт ва ташкил дар соҳаи туризм»

Пайвандҳо[вироиш]