Коллеҷи омӯзгории шаҳри Панҷакент

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Коллеҷи омӯзгории шаҳри Панҷакент
 (КОШП)
Соли асосгузорӣ 1930
Навъ омӯзгорӣ
Директор Холов Ҷовид Шодиевич
Донишҷӯён 940
Омӯзгорон 62
Макон  Тоҷикистон
Нишонӣ 735500, ш. Панҷакент
Сайт koshp.tj

Коллеҷи омӯзгории шаҳри Панҷакентмуассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбии давлатӣ дар шаҳри Панҷакент.

Таъсис[вироиш | вироиши манбаъ]

Коллеҷи омӯзгории шаҳри Панҷакент бо қарори Шӯрои комиссарони халқи Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон 1-уми сентябри соли 1930 таҳти рақами 125 ҳамчун курсҳои муаллим тайёр кунӣ таъсис ёфта, соли 1932 ба комбинати педагогӣ ва баъдтар ба омӯзишгоҳи педагогӣ табдил дода шудааст. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз моҳи октябри соли 1942 то соли 1944 омӯзишгоҳ баста шуда, ба ҷои он мактаби миёнаи махсуси авиатсионии шаҳри Одесса кӯчонида оварда шудааст. Пас аз соли 1944 омӯзишгоҳ дарҳои худро аз нав ба рӯйи толибилмон боз намудааст. Дар солҳои гуногун сарварии (директор) таълимгоҳро шахсони зерин ба уҳда доштаанд: Раҳимов (аввалин директор), Раҳматов Фаттоҳ, Мамадҷонов Қобилҷон, Раҳматзода, Разиюлло Абдуллозода, М. Арслонов, А.Ҷӯраев, Н. Файзиев, О. Низомов, Қ. Раззоқов, Н.Сироҷиддинов, А. Худойқулов, М. Юлдошева, Ф.Ҳоҷиев, А. Камолов, Н. Боймуродов, А. Г. Сулаймонова, Ҳ.Искандарова, Ф.Шарипова, Ш.Бозоров, Р. Бобоҳоҷиева, Т.Ниёзов, Э.Сироҷиддинов, Ҳ.Ҷанобилов, Н. Худоёрова. Аз соли 2015 директори коллеҷ доктори илмҳои филологӣ Ҷовид Холов мебошад. То ин дам аз хатмкунандагони коллеҷ 3 академик, 60 профессор, 260 номзади илм, 19 нафар узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, 25 шоир, 5 ходими сиёсӣ, 1805 Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воя расидаанд. Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2012 Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Панҷакент ба Коллеҷи омўзгории шаҳри Панҷакент табдил дода шудааст. Имрўз коллеҷ дар шуъбаи рўзона дорои 39 гурӯҳи таълимӣ ва 599 донишҷӯ буда, дар шуъбаи ғоибона 341 нафар донишҷӯ таҳсил доранд.

Факултетҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Факултети фанҳои гуманитарӣ
  • Факултети риёзӣ – педагогӣ

Роҳбарон[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Холов Ҷовид Шодиевич – директори Коллеҷ
  • Шодиева Зайнура Маҳмадмуродовна – ҷонишини директор оид ба таълим
  • Раҷабов Мақсатило Раҳматилоевич – ҷонишини директор оид ба тарбия

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Манбаъ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сомонаи расмии Коллеҷи омӯзгории шаҳри Панҷакент