Комии Ӯбаҳӣ
Зоҳир
Камолуддин Шоҳҳусайн Комии Ӯбаҳии Ҳиравӣ (форсӣ: کمالالدین شاهحسین کامی اوبهی هروی[1]; ? — 1547[2], Ҳирот) — шоир ва муаммосарои форс-тоҷик, аз шогирдони Мавлоно Муҳаммади Бадахшӣ ва Алишери Навоӣ.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз хурдӣ дар тарбияти Мавлоно Муҳаммади Бадахшӣ буда, аз Навоӣ низ таълим гирифтааст. Барои донишомӯзӣ ба Ироқ сафар карда, боз ба зодгоҳаш–Ҳирот баргаштааст ва дар охири умр дар деҳаи Ӯбаҳ (наздикии Ҳирот) ба деҳқонӣ рӯз гузаронидааст. Аз ӯ девоне боқист, ки қасидаву ғазал, қитъаву рубоӣ ва муаммоҳоро дар бар мегирад. Нусхаи беҳтарин ва комилтарини девонаш дар Озарбойҷон (Боку) маҳфуз аст. Дар «Радоифу-л-ашъор»-и Фахрии Ҳиротӣ ва баёзҳои асрҳои 16–19 низ ғазалиёти Комии Ӯбаҳӣ ба назар мерасанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ کمالالدین شاهحسین کامی اوبهی هروی(форсӣ). vista.ir. 30 апрели 2024 санҷида шуд.
- ↑ کمال الدین حسین کامی اوبهی هروی. rasekhoon.net. 30 апрели 2024 санҷида шуд.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Комии Ӯбаҳӣ // Кашиш — Косон. — Д. : СИЭМТ, 2022. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 10). — ISBN 978-99985-0-006-8.
- Комии Ӯбаҳӣ // Калим — Работ. — Д. : СИЭМТ, 1989. — (Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик : [дар 2 ҷ.] / сармуҳаррир Ҷ. Азизқулов ; 1988—2004, ҷ. 2). — ISBN 5-89870-001-3.