Jump to content

Комили Ҳисорӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Комили Ҳисорӣ

Мулло Муҳаммад Комили Ҳисорӣ (форсӣ: کامل حصاری‎; 1831, Файзобод — 1915, Бухоро) — қозӣ ва шоири тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар 12-солагӣ ба Хуҷанд рафта, таҳсилоти ибтидоиро ҳамон ҷо гирифтааст. Сипас дар мадрасаҳои Бухоро таҳсил кардааст. Ҳангоми ҳокими Кармина будани амир Абдулаҳад ба хидмати ӯ қабул шуд. Дар васфи Абдулаҳад ғазалҳову қасидаҳо менавишт, дар дарбор обрӯ ва эътибор доштааст. Муддате қозӣ таъйин гардида буд.

Дар бораи Комили Ҳисорӣ дар баёзе, ки писараш Муҳаммадҳасан тартиб дода буд, 56 ғазал, 7 мухаммас, 3 қасида, 2 наът, як рубоӣ сабт шудааст. Ба ғайр аз ин девони Комили Ҳисорӣ то замони мо расидааст, ки дар захираи дастхатҳои АИ Ҷумҳурии Узбекистон (зери рақами 5329) маҳфуз аст. Мавзуи асосии ашъори Комили Ҳисорӣ ба ғайр аз ғазалу қасидаҳои мадҳӣ дар васфи Абдулаҳад, ишқ, рафтори нек ва хушиҳои зиндагӣ мебошад.

Абёти зер намунае аз ашъори ӯст:

Сад шукр, ки дай рафту баромад гули саҳро,
Айёми баҳорон шуду ҳангоми тамошо.
В-аз сабза бишуд боғи ҷаҳон тозаву рангин,
Хуррам зи насими саҳарӣ домани саҳро.
Бикшода пайи ханда кунун ғунча лаби хеш,
Дар ҳар чамане нолакунон булбули шайдо.
Сад ҳайф, ки як тозагуле нест ба олам,
Ҷӯяд дили ғамдидаи ошиқ ба мудоро.
Ҳангоми нишот аст кунун, мавсими шодӣ,
Ку ёри паричеҳратани шоҳиди раъно?
Омад ба барам лаҳзае бо нозу карашма,
Нагрифт зи рух як даме он зулфи сумансо.
Бар захми дили хастаи афгори ман имрӯз,
К-аз лаъли лабаш бӯса диҳад баҳри мудово....