Корбар:Munirjohn/Сиёҳнавис2

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Литсейи физикӣ-математикии №1 ба номи М.Осимӣ
Намуд литсей
Шаҳр Парчами Хуҷанд Хуҷанд
Вилоят вилояти Суғд
Кишвар Парчами Тоҷикистон Тоҷикистон
Суроға кӯчаи Танбӯрӣ, 53
Асосгузор Юлдошбой Рустамов
Директор Азимова М. А.
Ҷонишини директор Муқим Воҳид
Бақоева Фирӯза
Турдибоева Замира
Шумораи омӯзгорон 39 нафар
Шумораи талабагон 634 нафар
Қабули талабагони синфи 5-11
Синфхонаҳо 58
Ошёна 2
Суруди дабистон Литсейи ман
Сайт www.lyceum1.com

Таърих[вироиш | вироиши манбаъ]

Муассисаи таълимии давлатии «Литсейи №1 ба номи академик М.Осимӣ». Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд шаҳри Хучанд, кӯчаи М.Танбӯрӣ №24. Бо қарори кумитаи иҷроияи шӯрои депутатхои халкии шаҳри Ленинобод аз 09.08.1991 сол таҳти №516 ташкил карда шудааст. Бо қарори ҳукумати шаҳри Хуҷанд аз санаи 22.09.2000 сол таҳти №750 ба Литсейи №1 ба номи академик Муҳаммад Сайфиддинович Осимӣ, бо қарори ҳукумати шаҳр аз 15.10.2009 №700 ба литсей равияи физикӣ-математикӣ дода шуд. Маълумоти умумӣ дар бораи литсей Литсейи №1 шаҳри Хуҷанд ба номи академик М.Осими ҳамрадифи Истиқлолияти ҷумҳурии Тоҷикистон буда, октябри соли 2016 ба таъсисёбии он 25 сол пур шуд. Таи 25 соли сипаригашта омӯзгорон ва толибилмони литсей дар соҳаи таълиму тарбия ва тайёр намудани олимони ҷавон ба музаффариятҳои калон ноил гардид. Бо қарори Шӯрои комиҷроияи депутатҳои шаҳри Хуҷанд аз 9.08.1991 таҳти №516 литсей аввалин дар вилояти Ленинобод (ҳозира вилояти Суғд) дар бинои собиқ мактаби миёнаи №9 шаҳри Хуҷанд таъсис дода шуд. Литсейи навбунёд бо роҳбарии директор Рустамов Ю аз 10.09.1991 дари худро барои хонандагони соҳибистеъдод боз намуд. Соли нахустин дабистон соҳиби ду синфхона ва 38 нафар хонандагон буд. Дар литсей ҳамаги 5 нафар омӯзгорон дар ҳайати директор, омӯзгори фанни химия, забони модарӣ, математика ва таърихи динҳо ба фаъолият сар карда, хишти аввалину таҳкурсии дониши бачагони соҳибисеъдодро гузоштанд. Таи 25 соли фаъолияти литсй якчанд сарварони варзида ба монанди Рустамов Ю, Ахмедова У ва Сангинова С баҳри баланд бардоштани дониши хонандагон ва ободии литсей бисёр заҳмат кашидаанд. Дар ин давра вазифаи аввалиндараҷаи маъмурият, аҳли омӯзгорон қабл аз ҳама ба сатҳи сифати баровардани раванди таълиму тарбия, кор бо хонандагони қобилиятнок, ҷорӣ намудани шаклу усулҳои муосири таълим, омӯзонидани забонҳо, гузаронидани санҷишҳои мавсимӣ аз фанҳои дақиқ, ташкили маҳфилҳои варзишию касбӣ, омода намудани хонандагон ба олимпиада, истифадаи технологияи иттилоотию коммуникатсионии муосир буд. Бо ин мақсад дар литсеӣ тибқи ҷадвал дарсҳои иловагӣ ташкил шуда, ба тарзи дуруст навиштани корҳои хаттӣ, нутқи шифоҳии хонандагон, ба хотири таҳсил дар хориҷи кишвар барои омӯзиши забонҳо вобаста ба интихоби касб хондани китобҳои бадеӣ, барои омӯзгорон курсҳои омӯзиши компютер, шиносоӣ бо интернет, истифода аз проектор шароит фароҳам оварда шудааст. Натиҷаи дарсҳои муфидбахшу зарурӣ аст, ки ба 104 нафар хонанда сертификати иштирокчии ҳаштумин олимпиадаи байналмиллалӣ дода шуд. Дар Сессияи вилоятии Академияи хурди Илмҳо 17 нафар хонандагон иштирок намуда, Ғаниева Азиза, Зокиров Фирдавс, Раҳмонов Акмал, Раҳмонов Назир, Ҳакимов Амир, Шарипова Азиза, Бегова Маниҷа, Мамадова ҳабиба сазовори дипломи дараҷаи I, Усмонова Муқаддам, Аюбӣ Фарангис, Мирхоҷаева Маниҷа ва Шокиров Бахтиёр бо дипломи дараҷаи II мукофотонида шуданд. Олимони ҷавон дар Сессияи ҷумҳуриявии АХИ – и Тоҷикистон иштирок намуда, Шокиров Б. аз фанни математика бо дипломи дараҷаи II, Усмонова М. аз фанни ҳуқуқи инсон, Мамадова ҳ. аз фанни химия, Бегова М. аз фанни биология, Аюбӣ Ф. аз фанни психология бо Дипломи дараҷаи I тақдиронида шуда, Шарипова а. аз фанни забони англисӣ, ҳакимов А. ва Азимова Муслимахон аз фанни технологияи информатсионӣ унвони аъзо мухбири АХИ – и Тоҷикистонро гирифтанд. Дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ ҳакимов А., Мамадова Ҳ. – сазовори ҷойи III, Усмонова М., +рунова Р., Шарипова А. ва Бузуруков И. – сазовори ҷойи II, Муллобоева З. аз фанни таърих сазовори медали тилло гаштанд. Хонандагони беҳтарин Исломов Ислом (11б) арзандаи Идрорпулии Раиси шаҳри Хуҷанд ва хонандаи синфи 10б ғуфронзода Дилфуза – арзандаи Идрорпулии Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон дониста шуданд. Аҳли ҷомеаи литсей 20-солагии Иҷлосияи 16-уми таърихии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд ва бо дастовардҳои арзанда пешвоз гирифтанд. Тибқи иҷрои Барномаи давлатии тайёр намудани омӯзгорони ҷавон, барои солҳои 2011-2016 ҳисоботҳои иттиҳодияиҳои методӣ гузаронида шуд. Соли хониши 2015-2016 фаъолияти литсейи №1 таҳти роҳбарии директори ҷавон Азимова Моҳира Абдуаҳадовна оғоз ёфт. Бо баназаргирии сиёсати давлату ҳукумат нисбати ҷавонон ҳамчун бунёдгузорони ояндаи мамлакат, директори ҷавон ба хираду маслиҳати омӯзгорони ботаҷриба такя намуда як гурӯҳ омӯзгорони ҷавону болаёқатро аз қабили Очилов ҳ., қосимова Ш., Тӯхтаева Р., Саъдиев Ф. ба кор даъват намуд ва омӯзгорони зикргашта бо хоҳишу ғайрати ҷавонӣ ба кор шурӯъ карданд. Дар олимпиадаи шаҳрӣ (дар соли тҳсили 2015-2016) 27 нафар хонандагон бомуваффақият баромад карда, Каримова М., Акрамӣ М. (синфи 11), Яҳёев М. (синфи 11), Бобоев К. (синфи 10), Исмоилов Ф. (синфи 10), Олимова Ф. (синфи 9), Баротова Б. (синфи 9), Исмоилова Ш. (синфи 9), Раззоқов Ш. (синфи 9), Ёқубҷонов ҷ. (синфи 9) созовори ҷойи I гаштанд. Дар олимпиадаи вилоятӣ Муродова М. аз фанни забони русӣ, Садриддинзода А. аз фанни физика, Каримов М. (математика), Яҳёев М. (биология), Исмоилов Ф. (технологияи информатсионӣ), Бобоев К. (химия) бомуваффақият баромад карда, Садриддинзода Амирхон дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ сазовори ҷойи III гашт. Инчунин, Каримов Мирзомуҳаммад (математика) ғолиби олимпиадаи даставии ҷумҳуриявӣ ва Исмоилов Фариддун дар Олимпиадаи даставии ҷумҳуриявӣ сазовори ҷойи II гашт. Махсусан баромади олимони ҷавони литсей дар Сессияи ҷумҳуриявии АХИ назаррас буда, Муродова Моҳира (забони русӣ), Авлиёхӯҷаева Меҳрангез (биология) аъзои ҳақиқии АХИ Тоҷикистон ва Каримов М. (математика), Файзиев Манучеҳр (технологияи информатсионӣ), Далерзода Меҳрангез (забони англисӣ) аъзо мухбири АХИ Тоҷикистон гаштанд. Оғози сохтмон, таҷҳизонӣ бо воситаҳои навтарини таълим. Дар ин фосилаи фаъолияти литсей, синфҳои омӯзиши забони англисӣ бо таҷҳизоти навтарин лингафонӣ, кабинети физика, химия ва биология бо таҷҳизотҳои озмоишиву таълимӣ таъмин карда шуданд. Дар айни замон нисбати ободии муассиса, сохтмони толори босифати замонавии варзишӣ ва китобхона ба итмом расонида шуда, дар рӯзҳои ҷашни Наврӯзӣ (соли 2016) он ба истифода дода шуд ва ба саҳни литсей шукӯҳи тозае бахшид. Дар литсей 26 синфхона мавҷуд буда,дар онҳо кабинетҳои фанни ҷой дода шудааст.

Синфхонаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

  • 1.Кабинети математика
  • 2.Кабинети физика
  • 3.Кабинети химия
  • 4.Кабинети забони тоҷикӣ
  • 5.Кабинети адабиёти тоҷик
  • 6.Кабинети забони русӣ
  • 7.Кабинети биология
  • 8.Кабинети география
  • 9.Кабинети таърих
  • 10.Кабинети лингофонӣ (забони англисӣ)
  • 11.Кабинети омодагии дифои ҳарбӣ
  • 12.Кабинети технологияи иттилоотӣ
  • 13.Толори маҷлисгоӣ
  • 14.Ҳуҷраи тиббӣ
  • 15.Китобхона ва ғайраҳо.

Инчунин кабинети директор, кабинети методӣ ва 6 кабинетҳои иттиҳодияҳои методӣ дида мешавад. Барои таълими босифати фанҳо дар литсей 37 адад компютери замонавӣ, 5 адад принтер, 5 адад видео проектор ва 4 адад тахтаи электронӣ инчунин 22 адад планшетҳо мавҷуданд. Доир ба таҷҳизонидани муассиса бо воситаҳои муоссир ва навтарини назорати раванди таълим бисёр диыыати махсус дода шуда истодааст. Дар соли 2016 ба литсей аз ьисоби маблащьои буджети ва щайрибуджетии литсей 2 адад тахтаи электронц, 1 адад проектор, 2 адад кондитсионер, 22 адад планшет барои ом=згорон, 1 адад компютери тамщаи CORE I 7 барои сервер, 4 адад Wifi Router ва щайраьо харидори карда шуд. Дар ин ҳама дастоварду муваффақиятҳо саҳми устодони соҳибтаҷрибаву кордон ба монанди Сангинова С, Усмонов О, Абдуманнов А, Воҳидов М, Сатторова Б, Каримова М, Эшонова С, Раупов М, Боқиев Р, Турдибоева З, Насимова Ш, Усмонова М, Мадаминова Ш, Абдухамедова Н, Маҳмудова Н, Раупов А, Олимов А, Атаев С, Калонова З, Иброҳимбобоева М ва омӯзгорони ҷавон ба монанди Юсупова М, Бақоева Ф, Ачилов Ҳ, Ҷӯраева З, Ҷӯраева Н, Юнусова Д, Олимова С, Каримова Д, Қосимова Ш, Икромова М, Очилзода Т ва дигарон хеле бузург аст.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]