Jump to content

Литсей

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Литсей (аз олмонӣ: Lyzeumлот. lусеumюн.-қад. Λύκειον) — муассисаи таълимӣ. 1) Муассисаи таҳсилоти миёна дар як қатор давлатҳои Аврупои Ғарбӣ, Амрикои Лотинӣ, Африқо. 2) Дар Русия, то инқилоби соли 1917, муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ ё олии касбӣ, пеш аз ҳама барои омӯзиши масъулон пешбинӣ шуда буд. 3) Дар Тоҷикистон баъди сазовор гаштани истиқлол, ҳамчун муассисаи таҳсилоти давлатии ибтидоӣ ва чуқуромӯз фаъолияти худро оғоз кард.

Литсей як намуди нави мактаби миёнаи таҳсилоти умумӣ буда, ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандро дар бораи гирифтани маълумоти миёнаи асосӣ ва таълимоти миёнаи умумӣ таъмин менамояд.

Калимаи «литсей» ба забони тоҷикӣ аз русӣ, ба русӣ аз немисӣ, ба немисӣ аз лотинӣ, ба лотинӣ аз юнонии қадим омадааст. Ликей (юн.-қад. Λύκειον) ин номи яке аз мактабҳои қисмати ғарбии Афина (дар он Сократ ва Арасту мударрас буданд) мебошад, ки номи худро аз парастишгоҳи Аполлони Ликейсӣ гирифта буд.[1]. Калимаи Ликейсӣ — эпитети худои юнониёни қадим Аполлон буда, ҳамчун «Ҷанговар бо гургон» (юн.-қад. λύκος — гург) тарҷума мешавад.[2][3]

  • Дар асрҳои XVIII—XIX (то 1917) — намуди миёна ва олии муассисаи таҳсилотӣ.
  • Дар охири асри XX ва аввали асри XXI — муассисаи таҳсилоти миёна, вазифаи асосӣ — тайёркунии талабагони синфҳои боло барои дохил шудан ба донишгоҳҳо.

Литсейҳо дар Империяи Русия

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Империяи Русия литсейҳо — муассисаҳои таҳсилотӣ барои аз 6 то 11 солагон буданд ва вазифаи онҳо аз омӯзиши дарсҳои мактаби миёна ва олӣ иборат буд. Онҳо асосан барои омӯзиши масъулони давлатӣ пешбинӣ шуда буданд.

Фаҳмиши литсей то инқилоби Русия дар китоби В.И.Дал бо номи «Луғати зиндаи забони бузурги русӣ» хуб нишон дода шудааст:

«муассисаи таҳсилоти олӣ, ки як баробар ба университету академияҳо, як пасттар ё ҳатто баландтар аз онҳо, вале ба факултетҳо баробарнашаванда; донишгоҳи олии умумӣ».

Ҳамагӣ то инқилоби Русия 7 литсей мавҷуд буд.

Замони ҳозира

[вироиш | вироиши манбаъ]

Литсейҳои Тоҷикистон

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. Этимологический словарь Фасмера «лицей». 2 сентябри 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 14 июли 2014.
  2. Древнегреческо-русский словарь Дворецкого «Λύκαιος»(пайванди дастнорас — таърих). 8 июли 2014 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 28 Декабри 2014.
  3. Архивная копия