Коргоҳи истеҳсоли гӯшти мурғ ва ҳасиби ширкати “Сайҳун”
Коргоҳи истеҳсоли гӯшти мурғ ва ҳасиби ширкати “Сайҳун” — дар шаҳри Хуҷанд вилояти Суғд вокеъ аст.
Таърихи ифтитоҳи коргоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Корҳои сохтмонӣ барои бунёди коргоҳи истеҳсоли гӯшти мурғ ва ҳасиби шаҳри Хуҷанд аз 1 августи соли 2023 оғоз гардида, ба ҷалби зиёда аз 20 мутахассиси маҳаллӣ ва бо истифода аз маҳсулоти хушсифати ватанӣ дар масоҳати умумии 1 га замин бо сифати баланд ба итмом расиданд. Ширкати “Сайҳун” дорои фермаи парандаправарӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буда, дар он 5 сех, ки ҳар кадом барои нигоҳубини 15 ҳазор сар чӯҷа пешбинӣ шудааст, фаъолият мекунад. Иқтидори коргоҳ дар як сол имкон дорад то 420 тона гӯшти мурғро коркард намояд. Барои пешбурди кори босифат дар коргоҳ аз рӯйи лоиҳа 50 нафар сокинони маҳаллӣ ба кор ҷалб шудаанд, ки музди маоши моҳона барои як нафар 1800 сомонӣ муайян гардидааст. Дар корхона барои парвариш ва нигоҳубини чӯҷаҳо дар сехҳо таҷҳизоти муосири соҳавӣ насб шудааст. Тибқи маълумот, барои бунёди коргоҳи истеҳсоли гӯшти мурғ ва ҳасиби шаҳри Хуҷанд 1,5 млн. сомонӣ ва барои харидории таҷҳизот аз кишварҳои пешрафтаи дунё 286 ҳазору 259 сомонӣ сарф шудааст. Дар саҳни коргоҳи навбунёд навъҳои маҳсулоти истеҳсоли ширкати “Сайҳун” ва коргоҳҳои дигари вилоят, аз ҷумла “Мурғи аълосифат”-и шаҳри Гулистон, “Чӯҷаи Байзо”, “Амина К”, фабрикаи парандапарварии “Назар Н”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва “Зарнисор Н”-и ноҳияи Зафаробод намоиш дода шуда, маҳсулоти бастубандшудаи коргоҳҳо муаррифӣ карда шуд.[1]
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ www.president.tj. Ифтитоҳи коргоҳи нави истеҳсоли гӯшти мурғ ва ҳасиби ҶДММ “Сайҳун” дар шаҳри Хуҷанд(тоҷ.) (9 сентябри 2024). 9 сентябри 2024 санҷида шуд.