Корти гирофик
Корти гирофик, (ҳамчунин видеокарта, видеоада́птер[1], видеопла́та[2], ада́птери графикӣ[1], суръатфизои графикӣ) — абзори электронӣ барои ба экрани монитор ба шакли муносиб баровардани тасвир (образ)-и графикии дар ҳофизаи роёна (ё худи адаптер) мавҷудбуда.
Дар мониторҳои нахустин барои инъикоси тасвир видеосигналҳое (видеоаломат) зарур буданд, ки онро фақат видеокарта тавлид карда метавонист. Адаптери графикии аввалин MDA (Monochrome Display Adapter) соли 1981 ихтироъ гардид, ки бо реҷаи матнӣ ва тафриқи 80х25 аломат (720х350 нуқта) кор карда, иттилооти ранга ё графикиро интиқол дода наметавонист. Соли 1982 видеокартаи HGC (Hercules Graphics Controller – адаптери графикии Геркулес) бо тафриқи 720х348 нуқта сохта шуд, ки саҳифаҳои графикиро низ ирсол менамуд. Видеокартаи рангаи нахустин – СGA (Сolor Graphics Adapter), ки асоси адаптерҳои минбаъда гардид, фақат дар як реҷа (графикӣ – бо тафриқи 40х25 ва 80х25 аломат ё матнӣ – бо тафриқи 320х200 ва 640х200 нуқта) кор мекард ва 16 ранг дошт. Минбаъд навъҳои адаптери бисёррангаи МСGA (Multicolor Graphics Adapter) бо тафриқи 80х50 нуқта ва 640х400 аломат (шумораи рангҳо 262144), VGA (Video Graphics Array) бо тафриқи матнии 720х400 ва реҷаи графикии 640х480, SVGA (Super VGA, 1991) бо тафриқи 800х600, шумораи рангҳои дар як вақт инъикосшаванда – 65536 (16 бит) ва 167772 (24 бит) пайдо шуданд. Дертар видеокартаҳое ба миён омаданд, ки дорои суръатфизои графикӣ мебошанд. Чунин видеокартаҳо амалҳои графикиро дар сатҳи дастгоҳӣ иҷро менамоянд, чунончи тасвирҳои бузургро аз як қисмати экрани монитор ба дигараш мегузаронанд, хатҳои каҷу рост мекашанд, ҳарфҳоро менависанд ва ғ. Видеокартаҳои муосир дорои протсессори графикӣ буда, тасвирҳоро интиқол медиҳанд, ба коркарди иловагӣ машғуланд ва протсессори компютерро аз ин амалҳо озод менамоянд. Онҳо инчунин аз видеонозир ё идорадастгоҳ (барои ташаккули тасвиру сигналҳо, коркарди фармоишҳои протсессори компютер), видеохотира (барои тасвирҳоро маҳфуз нигоҳ доштану онҳоро ба экрани монитор баровардан), табдилдиҳандаи рақамӣ-ташбеҳӣ (барои табдил додани тасвирҳои дар идорадастгоҳ ташкилёфта), системаи сардсозӣ (барои нигоҳ доштани реҷаи ҳароратии видеопротсессор ва видеокарта) ва дигар қисмҳо иборатанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Видеокарта / С. Гадоев // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. |