Jump to content

Корхонаи истеҳсоли механизмҳои борбардори «Ширкати мошинсозии Де Банг Тоҷикистон»

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Корхонаи истеҳсоли механизмҳои борбардори «Ширкати мошинсозии Де Банг Тоҷикистон» — дар Минтақаи саноатии деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон воқеъ аст.

Таърихи ифтитоҳи коргоҳ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Корхонаи навбунёд бо иқтидор ва шакли фаъолият дар Осиёи Марказӣ назир надошта, бо ҷалби сармояи дохилӣ ва шарикони рушд дар муддати камтар аз 5 моҳ бо маблағи 12 миллион сомонӣ бунёд ёфтааст. Масоҳати умумии корхонаи навбунёд наздики 4 ҳазор метри мураббаъ аст. Бо мавриди истифода қарор додани корхонаи нави истеҳсолӣ механизмҳои борбардори ҶСК «Ширкати мошинасозии Де Банг Тоҷикистон» 30 нафар бо ҷои кори доимӣ, таъмин шуданд.

Иқтидори истеҳсолии корхона дар як сол 80 крани борбардори пуриқтидор буда, дар сурати зиёд гаштани фармоиши харидорон ҳаҷми истеҳсоли он зиёд карда мешавад. Маҳсулоти корхона ивазкунандаи воридот буда, ба содирот низ нигаронида шудааст. Механизмҳои борбардори истеҳсолшаванда дар корхонаи навбунёд, ки ҳар қисми он пас аз озмоишу санҷишҳои мутахассисони соҳа насб карда мешаванд, тавоноии бардоштани аз 4 то 12 тонна борро доранд. Кранҳои борбардори ин корхона тариқи фосилавӣ низ идора карда мешаванд, ки он метавонад кори биносозонро ба мартиб осон намояд.

Пас аз мавриди истифода қарор гирифтани корхона арзиши кранҳои борбардор дар бозор то 30 фоиз арзон бояд шавад, зеро то ҳол ин маҳсулот аз берун ворид мешавад. То соли 2024 ҳар сол ба ҳисоби миёна ба маблағи то 9 миллион доллари амрикоӣ кранҳо аз хориҷи кишвар ворид мешавад. Аз ин хотир кранҳои ин корхона ивазкунандаи воридот ва ҳам маҳсулоти содиротӣ хоҳад шуд.[1]

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. www.president.tj. Ифтитоҳи корхонаи кранҳои борбардор дар ноҳияи Ёвон(тоҷ.) (10 апрели 2024). 8 ноябри 2024 санҷида шуд.