Jump to content

Космизм

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Косми́зм (юн. κόσμος) — ҷунбиш ё ҳаракати фикрии динӣ, фалсафӣ ва фарҳангие, ки назарияи васеи фалсафаи табииро дар бар гирифта, унсурҳову андешаҳои диниву ахлоқӣ, фалсафиву табиатшиносӣ (зистшинохтӣ, назарияи таҳаввулу кайҳоншиносӣ) ва ояндаи инсону инсоншиносиро ба ҳам алоқаманд намудааст ва ҳадафаш рушди ҳаёти заминӣ дар кайҳони беканор мебошад.

Космизм дар охирҳои садаи XIX ва аввалҳои садаи XX зуҳур кард. Ин назарияи холистӣ (фарогир) ва телеологии (мақсаднок)-и рушд барои мустаҳкам намудани таркиби илмиву идеологии худ аз унсурҳои диниву фалсафии Шарқу Ғарб (ведаҳо, браҳмания, буддизм, гностисизм, каббала, назарияҳои астрология дар робита бо алоқамандии Замину Осмон, олами ситораву сайёраҳо бо рӯҳу ҷисми инсон, ҷустуҷӯи қонунмандиҳо дар рушди ҳамагонии Коиноту инсон ва ниҳоят аз таълимоту аҳкоми калисои православии Рус) илҳом гирифтааст. Аз нигоҳи илмӣ-назариявӣ космизм ба таълимоти кайҳоншиносӣ (ё космогония ‒ назарияҳо дар бораи пайдоиш ва қонунмандиҳои кайҳон: назарияҳои таҳаввул, васешавии коинот, таркиши бузурги коинот, парокандашавии галактикаҳои Хаббл ва назарияи нисбияти Эйнштейн) такя мекунад. Ин назария таълим медод, ки ҷаҳон (бо тамоми инсоният дар таркиби он) як низоми ягонаи таҳаввулиест, ки тибқи қонунҳои мушаххас амал мекунад. Ба андешаи Н. Фёдоров (1828‒1903) ҳадафи ниҳоии масеҳияти ортодокси Рус эҳёи ниёгон (зиндакунии мурдагон) аст. Худо мурдагонро бо дастони мо (яъне илм) зинда хоҳад кард. Ба андеашаи ӯ агар дар сайёраи Замин барои ҳама ҷой тангӣ кунад, пас бештари мардумро ба кайҳони беканор баровардан даркор аст.

Космизм пас аз Инқилоби Октябр ба назарияи ҷунбиши пролеткулт (фарҳанги инқилобии коргару деҳқонӣ, ки мебоист тамоми фарҳанги ҷаҳониро аз байн мебурд ва фарҳанги нав месохт) таъсиргузор шуд. Дар эҷодиёти намоядагони ҷунбиши пролеткулт (А. Платонов, В. Скумин ва ғайра) андешаҳои фарогуманистӣ, инсонияти рӯҳонию фарҳанги саломатии ҷомеаи инсонҳо ва аҳаммияти он дар системаи офтобӣ тасвир шудааст.

Намояндаи космизм файласуф, рӯҳонии фаронсавӣ ва будёдгузори назарияи ноосфера (кураи хирад) Пйер Тейяр де Шарден (1881‒1955) бар он андеша буд, ки ноосфера доираи таъсири мутақобилаи ҷамъияти инсонӣ ва табиат мебошад, ки дар доираи он фаъолияти ақлонии инсон омили муайянкунандаи инкишоф аст. Ӯ бо истифода аз додаҳои илми инсоншиносӣ, деринашиносӣ (палеонтология), фалсафа ва синтези масеҳият назарияи таҳаввулии пайдоиши кайҳонро пешниҳод намуд: назарияи ба таври кулл такмилдодаи ӯ таълимот дар бораи «нуктаи Омега» мебошад. Намояндаи дигари назарияи космизм В. Вернадский (1863‒1945) бо баррасии мафҳуми «ноосфера» ба ин натиҷа расид, ки қабати ақлонии осмон, ки осмони моро иҳотакунанда аст, аз атмосфера, стартосфера ва ноосфера иборат мебошад ва дар қабати охирӣ инсон ва акли ӯ унсури аз ҳама фаъол буда, биосфера ба ноосфера табдил меёбад.

Зистфизикдон Александр Леонидович Чижевский (1997-64) давраҳои фаъоли нури Офтобро омӯхтааст, ки чи гуна ба биосфера ва равандҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ таъсир мерасонанд (гелиобиология ва гелилосотсиология). Деринашинос ва нависанда И. А. Ефремов кибернетик П. Г. Кузнетсов ва дигарон низ аз намояндагони космизм буданд.

  • Русский космизм: Антология философской мысли. М., 1993;
  • Ваней Е. Некоторые аспекты русского космизма. Новосибирск, 2007;
  • Владимирский Б. М., Кисловский Л. Д. Путями русского космизма. Судьбы людей и идей. Влияние космоса на социальные процессы. Поиск жизни во Вселенной. М., 2011;
  • Young, George M. The Russian Cosmists: The Esoteric Futurism of Nikolai Fedorov and His Followers. Oxford, 2012.