Jump to content

Котибии Қазвинӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Котибии Қазвинӣ
Таърихи таваллуд 1203
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 1277
Фазои илмӣ мантиқ ва ахтаршиносӣ
Роҳбари илмӣ Асируддин Абҳарӣ ва Насируддини Тусӣ
Шогирдон Қутбуддини Шерозӣ ва Аллома Ҳиллӣ
 Парвандаҳо дар Викианбор

Наҷмуддин Алӣ ибни Умар Котиби Қазвинӣ (форсӣ: نجم الدین القزوینی الکاتبی‎; 1203, Қазвин1277) — пизишк, файласуф, ахтаршинос, риёзидон ва мантиқдони форс-тоҷик, шогирди Насируддини Тӯсӣ, устоди Алломаи Ҳиллӣ.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Котибии Қазвинӣ дар расадхонаи Мароға мушоҳидаҳо гузаронидааст. Дар мактаби илмии Мароға ҳамчун олими маъруф аз илми мантиқ дарс гуфтааст. Яке аз устодони Қутбуддини Шерозӣ буд. Асари машҳури Қ. «Ҳикмату-л-айн» борҳо аз тарафи олимони Шарқи Миёна ва Наздик шарҳ дода шуд. Ин асар аз 5 китоб иборат аст: «Фӣ аҳкоми-л-аҷсом», «Фӣ ҳаракати-л-аҷсом», «Фӣ аҳкоми-л-афлок», «Фӣ аҳкоми-л-аносир», «Фӣ-н-нафс». Аз осори «Ҷомеъу-л-ҳақоиқ ли кашфи-л-ҳақоиқ», «Шарҳу-л-Миҷистӣ», «Рисола Шамсия фӣ-л-қавоиди-л-мантиқия»-ро метавон номбар кард, ки бисьёр нусхаҳои онҳо дар китобхонаҳои Тошканд, Ленинград, Қоҳира, Лондон, Қазон, Истамбул маҳфузанд. Як нусхаи нодири нисбатан қадимаи ин асар дар шуъбаи дастнависҳои Китобхонаи Фирдавсӣ (Душанбе) таҳти рақами 324 маҳфуз aст.