Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Роҳбарӣ | |
---|---|
Масъули иҷроия | Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Раиси Кумита | Рустам Назарзода |
Сохтор | |
Дафтари марказӣ | |
Вебгоҳ | khf.tj |
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ ва ба низоми муайян даровардани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ диққати ҳамаҷониба дода, дар ҳолати доимии омодабош қарор дошта, вобата ба имкониятҳои мавҷуда барои пешгирӣ ва бартараф намудани оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда хусусияти табиӣ ва техногенидошта ҷидду ҷаҳд менамояд.
Таъсис
[вироиш | вироиши манбаъ]Мудофиаи гражданӣ аввалин саҳифаҳои худро дар солҳои ҷанги якуми ҷаҳон дар моҳи марти соли 1918 дар таърих сабт намуд. Дар баробари пайдо шудани ҳавопаймоҳои ҳарбӣ, аввалин чораҳои муҳофизати аҳолӣ андешида шуданд. Сабаби асосӣ он буд, ки душман бо ҳавопаймоҳои худ ба ақибгоҳҳои қувваҳо аз боло ҳуҷум намуда, анборҳо, захираҳои эҳтиётиро бо зарбаҳои худ несту нобуд карда, қувваҳои ҷангӣ ва таъйиноти чорабиниҳоро аз байн мебурд. Аввалин номи мудофиаи гражданӣ Мудофиаи зидди қувваҳои ҳавопаймоии маҳаллӣ буд, ки соли 1918 то соли 1961 ин номро нигоҳ дошт. Ҳар қадар, ки қувваҳои мураккабтар пайдо мешуд, ҳамон қадар қувваҳои мудофиавии ақибгоҳ беҳтар мегардид. Ситод ва хадамоти мудофиаи гражданӣ дар доираи 500 км дур аз сарҳад ташкил карда шуда, вобаста ба қувваҳои ҳавоии душман ва баъдан инкишофи онҳо чорабиниҳои мудофиавӣ низ тағийр меёфтанд. Шурои комиссарони халқ, 4 октябри соли 1932 «Низомномаи нави Ҳокимияти Советӣ»- ро тасдиқ намуд, ки мувофиқи он Мудофиаи зидди қувваҳои ҳавопаймоии маҳаллӣ чун қисми мустақили системаи умумии мудофиаи қувваҳои ҳавоӣ дониста шуд. То давраи ҷанги дуюми ҷаҳон (1939 - 1945) ҳуҷҷату нишондодҳои хеле зиёде оид ба инкишофи ин соҳа тасдиқ ва амалӣ шуданд. Дар соли 1956 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамагӣ ду нафар оид ба мудофиаи гражданӣ фаъолият менамуд ва ситоди мудофиаи гражданӣ дар ҷойи бинои ҳозираи дӯстии халқҳо қарор дошт. Амалиётҳои фаъолонаи Мудофиаи зидди қувваҳои ҳавопаймоии маҳаллӣ дар давраи ҷанги дуюми ҷаҳон нишон дод ва исбот намуд, ки ин соҳа хеле зарур аст. Аз ҷумла, қувваҳои Мудофиаи зидди қувваҳои ҳавопаймоии маҳаллӣ 30 ҳазор ҳуҷумҳои ҳавоии душманро тавонистанд бартараф намоянд. Яъне, 32 ҳазор садамаҳои калон, 430 ҳазор гулулаҳои ҳавоӣ, қариб 2,5 миллион гулулаҳои рӯизаминӣ ва зеризаминиро бехатару бартараф гардониданд. Зиёда аз 90 ҳазор сӯхторҳо бартараф карда шуданд. Баъди солҳои ҷангӣ, ин соҳа оҳиста – оҳиста инкишоф ёфт. Баъд аз пайдо шудани силоҳи ҳастаӣ, (атомӣ), ядроӣ, нейтронӣ, ҳавопаймоҳои дурпарвоз чорабиниҳои мудофиаи гражданиро новобаста ба доираи ҷойгиршавиашон аз сарҳад дар тамоми маконҳо амалӣ мекарданд. Дар ин давра роҳбариро аз болои Қувваҳои Мудофиаи зидди қувваҳои ҳавопаймоии маҳаллӣ Вазири корҳои дохилӣ ба уҳда дошт.
- Дар моҳи июли соли 1961 Мудофиаи зидди қувваҳои ҳавопаймоии маҳаллӣ номи худро ба мудофиаи гражданӣ табдил дод ва худи ҳамон сол сохтори таркибии он тағйир ёфта, мувофиқи талаботи замона ташкил карда шуд.
Дар замони Шӯравӣ устувор нигоҳ доштани ҳолати маънавӣ – рӯҳии қувваҳои мудофиаи гражданӣ аз тарафи Комитети Марказии ҳизби Комунистӣ роҳбарӣ карда мешуд.
- Аввалин сардори Ситоди мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал – майор Матвиенко В.Н. буд, ки соли 1967 ин вазифаро ба ўҳда дошт. Аз соли 1987 то соли 1991 ин вазифа бар души генерал – майор Ниёзов Ф.Р. вогузор шуд.
- Бо фармони Раиси Кумитаи мудофиа 7- октябри соли 1992 № 52 дар асоси Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 – уми сентябри соли 1991 №УП – 188 «Дар бораи таъсис додани Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар заминаи Кумитаи мудофиа, комиссарияти ҳарбӣ ва Ситоди мудофиаи граждании Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
- Солҳои 1992-1994 дар таркиби Комитети мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ситоди мудофиаи гражданӣ амал мекард. Мувофиқи қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 августи соли 1994 №400 дар заминаи Ситоди мудофиаи гражданӣ - Кумита оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва корҳои мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
- Мувофиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон № 1239-а аз 2 июли соли 1999 «Дар бораи таъсиси Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва 6 июли соли 1999 мувофиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» Кумитаи оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва корҳои мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шуд.
- Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 ноябри соли 1999 Низомномаи Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон № 78 аз 21 декабри соли 1999 Зиёев Мирзо Аҳмадович -Вазири ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин карда шуд.
- Аз аввали соли 2000 фаъолияти роҳбарият ва ҳайати шахсии вазорат ба рушди соҳаи мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ ва бартараф намудани оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда равона карда шуд.
Дар муддати кӯтоҳ қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои ба фаъолияти вазорат дахлдошта, аз нав дида баромада шуда лоиҳаи қарор ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз тарафи мутахассисони Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон омода гардида буданд, қабул шуданд.
- Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 1663 моҳи апрели соли 2000 ҳайати Комиссияи ҷумҳуриявии эвакуатсионӣ тасдиқ карда шуд.
Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 202, 19 апрели соли 2001 «Дар бораи фаъолияти хадамоти мудофиаи граждании вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид. Ин қарор ба рушди хадамоти мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири мусбӣ расонид.
- 30 апрели соли 2002 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №192 “«Дар бораи тадбирҳои татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиаи гражданӣ»” ба имзо расид. Бо ин қарор тамоми роҳбарони вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳияҳо вазифадор карда шуданд, ки ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ аҳамияти хоса зоҳир намоянд.
- Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 296 аз 5 июли соли 2002 «Дар бораи тадбирҳои барқарор, тараққӣ ва ташаккули системаи огоҳкунӣ ва алоқаи мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид. Қарори мазкур дар кори рушди системаи огоҳкунӣ ва алоқаи мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон роли муҳимро ба иҷро расонид.
- Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2002 № 323 оид ба «Масъалаҳои Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулодда» ба имзо расид. Бо ин қарор ҳайати Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи ин комиссия тасдиқ карда шуд.
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиаи гражданӣ» аз 28 феврали соли 2004 ба имзо расидааст. Қонуни мазкур вазифаҳо, асосҳои ҳуқуқии ташкил ва ба роҳ мондани мудофиаи гражданиро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, салоҳияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли ташкилӣ ва ҳуқуқиашон, шахсони мансабдор ва шаҳрвандон, инчунин қувва ва воситаҳои мудофиаи гражданиро дар соҳаи мудофиаи гражданӣ муайян менамояд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ» 15 июли соли 2004 қабул карда шуд.
- Қонуни мазкур меъёрҳои ташкилию ҳуқуқиро дар соҳаи ҳифзи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шаҳрвандони бидуни шаҳрвандӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқоматдошта, инчунин замин, сарватҳои зеризаминӣ, об, фазои ҳавоӣ олами набототу ҳайвонот ва дигар боигарии табииро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, иншооти таъйиноти истеҳсоливу-иҷтимоӣ ва инчунин муҳити зистро аз ҳолатҳои фавқулоддаи хусусияти табиӣ ва техногенидошта муайян намудааст.
- Дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи такмили сохторимақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 30 ноябри соли 2006 № 9 бо мақсади татбиқи минбаъдаи ислоҳоти идораи давлатӣ Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки вазифаҳои собиқ Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин сохтор вогузор карда шуд.
Айни замон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти давлатии идораи мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, сиёсати ягонаи давлатиро дар соҳаи мудофиаи гражданӣ, дар бобати омодагӣ ва ҳифзи аҳолӣ, иншоотҳои иқтисодӣ ва ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда замони осоишта ва ҷанг роҳбарии сиёсати ягонаи давлатиро анҷом дода, тамоми маҷмӯи чорабиниҳои умумидавлатӣ, ҳуқуқӣ мудофиавӣ ва дигар чорабиниҳоро, ки ба ҳифзи аҳолӣ, иншоотҳои иқтисодӣ ва ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оқибатҳои офатҳои табиӣ ва экологӣ, садамаҳои калони истеҳсолӣ, фалокатҳо нигаронида шудаанд, инчунин ҳангоми аз ҷониби душман истифода гардидани воситаҳои ҳозиразамони зарба сар мезананд, амалӣ ва ҳамоҳанг месозад. Кумита сохтори ҳарбӣ буда, ба он тамоми ҳуқуқҳо, меъёрҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ, ки барои хизматчиёни ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзои оилаи онҳо қабул шудаанд, татбиқ мегардад.
Фаъолияти Кумита
[вироиш | вироиши манбаъ]Фаъолияти Кумита дар самтҳои зерин, равона карда шудааст:
- таҳияи пешниҳодҳо оид ба пешбурди сиёсати давлатӣ дар соҳаи мудофиаи гражданӣ вобаста ба ҳифзи аҳолӣ, иншоотҳои иқтисодӣ ва ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оқибатҳои ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ, экологӣ ва дорои хусусияти техногенӣ, инчунин огоҳӣ, пешгирӣ ва бартарафсозии онҳо;
- ташкили роҳбарӣ ва назорати пешбурди корҳои наҷотдиҳӣ ва дигар корҳои таъхирнопазир оид ба бартарафсозии садамаҳои калони истеҳсолӣ, фалокатҳо ва дигар ҳолатҳои фавқулодда;
- таъсиси системаи огоҳонии аҳолӣ аз ҳолатҳои фавқулоддаи замони осоишта ва ҷанг дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- тайёрии ҳайати шахсии нерўҳои ғайриҳарбии мудофиаи гражданӣ дар ҷои кор бе озод намудан аз истеҳсолот, мувофиқи барномаҳои тайёрии онҳо, ки аз ҷониби Кумита таҳия ва тасдиқ карда мешавад, амалӣ мегардад;
- омӯзонидани хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ва омӯзишгоҳҳои касбию техникӣ, донишҷуёни мактабҳои олӣ, миёнаи махсус ва дигар муассисаҳои таълимӣ дар вақти таълим.
Аз соли 1994 то ба имрӯз мақомоти ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилоятҳо ба пешравиҳо ва дастовардҳои назаррас ноил гаштанд. Раёсатҳо ва шуъбаҳои оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилоятҳо, минтақаҳо ва шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумлаи он сохторҳое мебошанд, ки аз давраҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ арзи вуҷуд доштаанд ва баъд аз байн рафтани системаи муттамаркази мудофиаи граждании собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва таъсис ёфтани Кумитаи ҳолатҳои мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ривоҷ додани фаъолияти онҳо диққати махсус зоҳир карда шуда, ҳоло онҳо ба яке аз сохторҳои асосии Кумита дар ҷойҳо табдил ёфтаанд, ки ҳамарӯза баҳри омода намудани сохторҳо ва аҳолӣ ба ҳолатҳои фавқулодда, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда корҳои зиёдеро ба анҷом мерасонанд. Дар назди зерсохторҳои вилоятӣ, минтақавӣ ва шаҳру ноҳияҳо Дастаи зудамали наҷотдиҳӣ мавҷуд аст, ки имрӯз дорои мутахассисони дараҷаи баланди касбӣ мебошад. Аз давраи таъсисёбӣ, яъне соли 1994 то ба имрӯз хизматчиёни ҳарбии Кумита дар бартараф кардани оқибати офатҳои табиӣ, расонидани кумак ба аҳолии зарардида дар қаламрави ҷумҳурӣ ва берун аз он саҳми арзанда гузошта, аз тарафи роҳбарияти давлат ва давлатҳои хориҷ борҳо қадрдонӣ карда шудаанд. Ҷиҳати дар вилоятҳо, пурзӯр намудани иқтидори воҳидҳои кории Дастаҳои зудамал ва шуъбаҳои Кумита дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2017 оид “Дар бораи Кумитаи ҲФ ва МГ-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” тасдиқ гардида, Низомнома ва сохтори Кумита аз нав таҳия карда шуд. [1]
Сохтори дастгоҳи марказӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]- Раис
- Муовини аввали раис
- Муовини раис
- Муовини раис
- Сарситод
- Раёсати корҳо ва нашрияи кумита
- Раёсати ҳифзи аҳолӣ
- Раёсати корҳои тарбиявӣ
- Маркази идоракунии ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ
- Раёсати байналмилалӣ
- Раёсати тайёр намудани наҷотдиҳандагон
- Раёсати истифодабарии системаи «Усой» ва ҳалли масъалаҳои кӯли Сарез
- Маркази иттилоотию таҳлилӣ
- Маркази таълимӣметодӣ
- Ситод оид ба ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳо
- Ситод оид ба минтақаи Ҳисор, Рашт ва Кӯлоб
- Раёсати тиббӣ
- Маркази наҷотдиҳӣ
- Лабораторияи кимиёию радиометрӣ
- Раёсати сохтмон
- Раёсати ақибгоҳ
- Раёсати молия ва иқтисод
- Раёсати қушунҳои мудофеаи гражданӣ
- Раёсати кадрҳо
- Қисмҳои ҳарбӣ
- Шуъбаи ҳуқуқ
- Шуъбаи супоришҳои махсус
Роҳбарияти кумита
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз соли 1994 то ин ҷониб роҳбарияти Кумитаро чунин нафарон бар дӯш доштанд.
- Ачилов Ҳ.Д солҳои 1994-1996
- Бобоев А.Т солҳои 1996-1998
- Искандаров М. солҳои 1998-1999
- Зиёев М.А солҳои 1999-2006
- Зокиров М.З. солҳои 2006-2008
- Латипов Ҳ. А. солҳои 2008-2012
- Абдураҳимов Х. С. солҳои 2012-2016
- Аз 2 феврали соли 2016 то ин ҷониб Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро генерал-лейтенант Рустам Назарзода [2] ба уҳда доранд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- khf.tj — вебгоҳи расмии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон