Jump to content

Кӯлобиён

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Деҳаи Кӯлобиён
Аломати роҳ ба сӯйи деҳаи Кӯлобиён
Аломати роҳ ба сӯйи деҳаи Кӯлобиён
Кишвар Тоҷикистон
Вилоят Ноҳияҳои тобеи марказ
Ноҳия Файзобод
Ҷамоат Деҳоти Чашмасор
Аҳолӣ 497 нафар (2010), тоҷикон
Хоҷагӣ 66

Кӯлобиёндеҳа дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Чашмасори ноҳияи Файзобод. Аз деҳа то маркази ноҳия 18 км. Аҳолиаш 497 нафар (2010), тоҷикон. Аз 66 хоҷагӣ иборат аст. Деҳа муасиссаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, нуқтаҳои хидматрасонии маишӣ, 79 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ, фабрикаи хусусии мурғпарварии «Оби сафед», фермаи чорводорӣ дорад. Мардуми деҳа ба сабзавоткорӣ, боғдорӣ, ғаллакорӣ, чорводорӣ машғуланд. Заминҳо аз чашмаи Оби сафед ва дигар чашмахо обёрӣ мешаванд.[1]

  1. ФАЙЗОБОД. Энсиклопедия. Душанбе, 2011. Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. 392 саҳ.