Jump to content

ЛЭП Сангтӯда - Пули Хумри

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

ЛЭП Сангтӯда - Пули Хумри - Хати баландшиддати барқиест, ки ба воситаи он барқи изофаи Тоҷикистон ба Афғонистон интиқол дода мешавад.

Сохтумони лоиҳаи Хати баландшиддати барқии ЛЭП 220 кВт Сангтӯда - Пули Хумри соли 2009 бо кумаки карзи имтиёзноки Бонки Рушди Осиё (АБР) $21,5 млн. барои Тоҷикистон ва $35 млн. барои Афғонистон оғоз ёфта буд.[1][2]

Дарозии қисмати хати барқии ЛЭП 220 кВт Сангтӯда - Пули Хумри дар ҳудуди Тоҷикистон 118 км ва дар ҳудуди Афғонистон 163 км ташкил медиҳад. Аз руи тахминҳо интиқоли барқ аз ҷумлаи барқи дар НБО Сангтӯда-2 (лоиҳаи муштараки Тоҷикистон – Эрон) истеҳсолшуда, дар фасли тобистон то 300 мегаваттро ташкил медиҳад. Лоиҳаи муштараки Афғонистону Тоҷикистон - Хати баландшиддати барқии ЛЭП 220 ба масофаи 120 км, ширкатҳои ҳиндустонии KEC International и RPG Transmission иҷро намуданд. Ҳаҷми умумии қарзи имтиёзноки Бонки Рушди Осиё (АБР), Бонки исломии рушд, Хазинаи ОПЕК ва Тоҷикистон $109,5 млн ташкил дод.[3]

27 октябри соли 2011 дар Тоҷикистон маросими ба истифода супоридани сохтмони Хати баландшиддати барқии (ЛЭП) 220 кВт Сангтӯда - Пули Хумри баргузор гардид. Ин иншооти барқӣ имконият медиҳад, ки барқи изофаи Тоҷикистон ба Афғонистон интиқол дода шавад. Сохтумони чунин лоиҳаи бузурги минтақавӣ боз як қадами устувор дар рушди соҳаи энергетикаи Тоҷикистон мебошад. Он имконият медиҳад, ки дар фасли тобистон барқи изофаи Тоҷикистон ба Афғонистон содирот гардида масрафи барқ дар ӽудуди ҷумҳурӣ кам карда шавад.[1]

Портал:Таърих