Энергетикаи Тоҷикистон
Нерӯи асоси энергетикаи Тоҷикистонро нерӯгоҳҳои барқии обӣ истеҳсол мекунанд. Ҳаҷми умумии муайяншудаи иқтидори нерӯгоҳҳои барқии обӣ - 4070 МВт аст. Тоҷикистон дорои захираҳои бойи гидроэнергетикӣ мебошад. Ҳаҷми умумии захираҳои гидроэнергетикӣ - 527 млрд. кВт. соатро ташкил медиҳад. Аз рӯи ҳаҷми умумии захираҳои гидроэнергетикӣ Тоҷикистон дар ҷаҳон ҷойи ҳаштумро ишғол мекунад. Дар шароити имӯрза энергетикаи кишвар – аз нерӯгоҳҳои барқии обӣ бо иқтидори 4,4 миллион киловатт, 60 ҳазор километр хати барқ садҳо подстансияи барқӣ ва нуқтаҳо трансформаторӣ мебошад. Аз ин миқдор танҳо 6 фоизи захираҳо мавриди истифода мебошад.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Истифодабари нерӯҳои энергетикӣ дар кишвар баъд аз ташклёбии ҶМШС Тоҷикистон (1924-1928) оғоз ёфтааст. Дар асоси нақшаи ГОЭЛРОИ СССР (бо ташаббуси В.И. Ленин) аввалин нерӯгоҳҳои барқии дизелӣ дар Душанбе (соли 1926, 78 кВт) ва (соли 1928, 48 кВт) ба кор даромаданд. Қадами нахустин дар ин ҷода сохтмони НБО Варзоб - 1 гардид, ки соли 1937 бо иқтидори 7,1 ҳаз. кВт ба кор даромад. Силсилаи НБО-и Варзоб (НБО Варзоб-1 (соли 1937), НБО Варзоб-2 (соли 1949) ва НБО Варзоб-3 (соли 1952)) - бо иқтидори умумии 25.7 МВт., дар дарёи Варзоб низ сохта шуданд. Соли 2006 дар инҷо корҳои тармим гузаронида шудааст. Дар солҳои 30-ум сохтмони нерӯгоҳҳои ноҳиявӣ давом мекард, ҳамагӣ 121 НБО-и хурд ба истифода дода шуд. Соли 1946 НБО Хоруғ ба истифода дода шуд. Асосан 1949 – 1958 дар деҳоту колхозҳо нерӯгоҳҳои барқии дизелӣ ва 9 НБО-и хурд ба истифода дода шуд, ки ҳаҷми иқтидорашлн 6630 кВт-ро ташкил мекард. 7 апрели соли 1956 маҷрои Сирдарё дар шимоли Тоҷикистон баста шуд ва сохтумони НБО Қайроққум – бо иқтидори 126 МВт, сар шуд, ки 13 апрели соли 1960 ба истифода дода шуд. Минбаъд, НБО Шаршара (1959) – бо иқтидори 29,9 МВт, НБО Сарбанд (1063) – бо иқтидори 240 МВт, НБО Марказӣ (1964) – бо иқтидори 15,1 МВт, дар дарёи Вахш сохта шудаанд.[1]
Соли 1957 таҳқиқи дарёи Вахш барои сохтмони бузургтарин НБО Норак – бо иқтидори 3000 МВт, сар шуд ва соли 1960 сохтмон шурӯъ гардид. Агрегати нахустини НБО Норак 16 ноябри 1972 ва арегати 9 30 сентябри соли 1979 ба истифода дода шуд. Аввалин хати барқии баландиқтидор ЛЭП-500 НБО Норак-ро бо Корхонаи арзизи Регар пайваст намуд. Солҳои 80-ум НБО Бойғозӣ– бо иқтидори 600 МВт, дар дарёи Вахш ба истифода дода шуд.
Дар замони истиқлоли Тоҷикистон бо ҳамкориву маблағгузориҳои Русия ва Эрон НБО Сангтӯда – 1 – бо иқтидори 670 МВт ва НБО Сангтӯда-2 — бо иқтидори 220 МВт, дар дарёи Вахш ба истифода дода шудаанд.[1]
Дар Тоҷикистон ҳоло чунин Нерӯгоҳҳои барқии обӣ амал мекунанд:
Нерӯи асоси энергетикаи Тоҷикистонро Нерӯгоҳҳои барқии обӣ истеҳсол мекунанд. Ҳаҷми умумии муайяншудаи иқтидори Нерӯгоҳҳои барқии обӣ — 4070 МВт аст. Тоҷикистон дорои захираҳои ғании гидроэнергетикӣ мебошад. Ҳаҷми умумии захираҳои гидроэнергетикӣ — 527 млрд кВт. соатро ташкил медиҳад. Аз рӯи ҳаҷми умумии захираҳои гидроэнергетикӣ Тоҷикистон дар ҷаҳон ҷойи ҳаштумро ишғол мекунад.
Дар Тоҷикистон ҳоло чунин Нерӯгоҳҳои барқии обӣ амал мекунанд:
1.1. НБО Норак — бо иқтидори 3000 МВт
1.2. НБО Бойғозӣ- бо иқтидори 600 МВт
1.3. НБО Сангтӯда – 1 — бо иқтидори 670 МВт
1.4. НБО Сангтӯда – 2 — бо иқтидори 220 МВт
1.5. НБО Сарбанд — бо иқтидори 240 МВт
1.5. НБО Шаршара — бо иқтидори 29,9 МВт
1.7. НБО Марказӣ — бо иқтидори 15,1 МВт
1.8. НБО Қайроққум — бо иқтидори 126 МВт дар Сирдарё
1.9 Силсилаи НБО Варзоб (НБО Варзоб-1,Варзоб-2 ва Варзоб-3) — бо иқтидори умумии 25,7 МВт.
1.10. Нерӯгоҳи Помир-1
1.11. Нерӯгоҳи барқи обии Роғун — 16 ноябри соли 2018 агрегати якуми НБО Роғун бо иқтидори 600 МВт ба кор дароварда шуд. Иқтидори лоиҳавии НБО Роғун ба 3600 МВт баробар буда, он аз 6 агрегати 600 МВт ва баландии сарбанди он 335 метр муайян шудааст.[2]
1.12. Силсилаи НБО — и хурд: Дар соли 2010 истеҳсоли энергияи барқ 14 млрд. 614 млн.кВт. соатро ташкил мекард.
Норасоии нерӯи барқ дар Тоҷикистон аз моҳҳои октябрь то май соли оянда давом мекард. Дар ин муҳлат бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон барои муассисаю корхонаҳо ва хонадони аҳолии шаҳру ноҳияҳои ғайри пойтахт — шаҳри Душанбе, якчанд сол аст (аз миёнаи солҳои 90-уми сари XX то соли 2016), ки лимити истифодаи барқ ҷорӣ карда шуда буд. Ин амал барои рушди иқтисодиёт ва беҳдошти саломатии аҳолӣ зарар мерасонид. Аз 14 январи соли 2017 сар карда, маҳдудияти барқ дар ҷумҳурӣ пурра бардошта шудааст. Алҳол аҳолӣ, муассисаҳои иҷтимоӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ дар тамоми қаламрави мамлакат, ҳатто дурдасттарин деҳот бисту чор соат бо барқ таъминанд.[3]
Президенти Тоыикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Иҷлосияи 13-уми [Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ|Созмони ҳамкории иқтисодӣ], ки 1 марти соли 2017 дар шаҳри Исломобод баргузор гардид, изҳор доштанд: "Таҳкурсии асосии бахши энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз неругоҳҳои барқи обӣ иборат мебошад, ки истеҳсоли 98 фоизи неруи барқро дар кишвар аз манбаи барқароршавандаи тавлиди энергия таъмин менамояд. Аз рӯи фоизи истеҳсоли «энергияи сабз» Тоҷикистон дар қатори шаш кишвари пешсафи сайёра қарор дорад ва захираҳои умумии гидроэнергетикии он дар ҷаҳон яке аз бузургтаринҳо ба шумор мераванд. Ин захираҳо имкони истеҳсоли солона то 527 миллиард киловатт-соат неруи барқ-и аз лиҳози экологӣ тозаро медиҳанд ва имрӯз танҳо 5 фоизи онҳо истифода мешаваду халос. Ва ин дар ҳолатест, ки талаботи бозори энергетикии минтақаи фарохи созмон ба неруи барқ рӯ ба афзоиш аст.[4]
Ба истифода додани НБО «Сангтӯда — 1» ва «Сангтӯда — 2», Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе — 2», хатҳои интиқоли барқи баландшиддати «Ҷануб-Шимол», «Лолазор-Хатлон», «Хуҷанд-Айнӣ», «Сангтӯда — Лолазор», «Сангтӯда – НБО-и Сарбанд», «Қайроққум-Ашт», «Айнӣ –Панҷакент», «НБО-и Роғун» -Зеристгоҳи «Душанбе-500», таҷдид ва иваз намудани зеристгоҳҳо ба зеристгоҳҳои пурқудрат, таҷдид ва барқарорсозии неругоҳҳо ва шабакаҳои барқӣ сабаби таҳкими иқтидору эътимоднокии таъминоти энергияи барқ дар ҷумҳурӣ гардид. Ду сол боз (аз соли 2018) дар натиҷаи мулоқоту гуфтушунидҳои сатҳи олии Сарони ду давлат — Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҳамкории энергетикҳои тоҷику ӯзбек боз барқарор гардид, ки ин барои ҳарду тараф манфиати хеле калонеро молик аст. Баъди зиёда аз 9 соли ҷудо будани низоми энергетикии Тоҷикистон аз Осиёи Марказӣ додугирифти неруи барқ байни ин ду ҷумҳурии ҳамсоя оғоз ёфт.
20 марти соли 2019 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Норак ба татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии НБО «Норак» оғози расмӣ бахшиданд. Дар натиҷаи татбиқи ин лоиҳа НБО «Норак» таҷдид ва эътимодноктар гардида, иқтидори лоиҳавияш аз 3000 ба 3300 МВт бардошта хоҳад шуд.
23 августи соли 2019 ба татбиқи лоиҳаи «Таҷдиди НБО «Қайроққум» оғози расмӣ бахшида шуд. Баъди татбиқи лоиҳа тавоноии НБО «Қайроққум аз 126 мегаватт ба 176 мегаватт расонида мешавад.[5]
9 сентябри соли 2019 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ба кор даровардани агрегати дуюми Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» ба шаҳри Роғун ташриф оварданд. Ба кор даровардани агрегати дуюми нерӯгоҳ нерӯи барқи аз он тавлидшаванда ба системаи умумии энергетикии мамлакат интиқол дода шуд.[6] Дар давраи Истиқлолият иқтидори истеҳсолии соҳаи энергетика, бе назардошти НБО «Роғун», ба миқдори 1520 МВт зиёд шуд.[7]
20 январи соли 2020 Оҷонсии иттилоотии Sputnik Бойгонӣ шудааст 8 Декабри 2019 сол. гузорише овардааст, ки Маҷлиси намояндагони Ҷумҳури Тоҷикистон ҳафтаи пеш пазируфт (соли 2020), аз моддаи 9-и Қонун “Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ”, калимаҳои Неругоҳи барқи обии “Роғун” ва Корхонаи воҳиди давлатии “Ширкати Алюминийи Тоҷик” хориҷ карда шуданд. Моддаи 9-и қонуни мазкур дар бораи объектҳоест, ки хусусӣ гардонида намешаванд ва дар он таъкид шудаст, “амволи нерӯгоҳи барқи обии “Норак”, нерўгоҳи барқи обии “Роғун” ва корхонаи воҳиди давлатии “Ширкати Алюминийи Тоҷик” хусусӣ гардонида намешаванд”.[8]
Дар даврони соҳибистиқлолӣ 287 неругоҳи барқи обии хурду бузург ва 1 маркази барқу гармидиҳӣ, 1,5 ҳазор километр хатҳои интиқоли барқи баландшиддат, 50 зеристгоҳи баландшиддати барқӣ бунёду таҷдид ва дар маҷмӯъ, 75 фоизи инфрасохтори энергетикии кишвар навсозӣ карда шуда, ҳамчунин, беш аз 2000 мегаватт иқтидорҳои энергетикии иловагӣ бунёд шудааст. Дар ин давра барои рушди соҳаи энергетикаи кишвар 34 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 57,2 миллиард сомонӣ татбиқ карда шуд, ки 12 миллиард сомонии он танҳо барои таҷдиду рушди инфрасохтори энергетикӣ равона гардидааст. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қаноатмандӣ аз рушди босуботи соҳа изҳор доштанд, ки соли 2021 бори аввал дар таърихи соҳибистиқлолии кишвар истеҳсоли нерӯи барқ ба 20,6 миллиард киловатт – соат расонида шуд, ки дастоварди назарраси соҳа мебошад. Аснои суханронӣ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки чанде қабл дар доираи ҳамсоягии нек ва муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Узбекистон дар ноҳияи Айнӣ ба татбиқи муштараки лоиҳаи сохтмони ду неругоҳи барқи обӣ бо иқтидори умумии 320 мегаватт оғоз бахшида шуд. Баҳри афзоиши истеҳсоли неруи «барқи тоза» ва рушди соҳаи энергетикаи мамлакат дар оянда боз даҳҳо неругоҳи барқи обии бузургу миёна, аз ҷумла неругоҳи «Шӯроб»-ро бо истифодаи ширкатҳо ва таҷрибаву малакаи коргарону мутахассисони дар сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» саҳмдошта бунёд карда мешавад.[9]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 ХОЛОВ АХЛИДДИН ИБОДУЛЛОЕВИЧ Освоение гидроэнергетических ресурсов Таджикистана в годы независимости (1991 – 2014гг.) Диссертация - Душанбе, 2015(пайванди дастнорас)
- ↑ Маросими ба кор даровардани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии “Роғун”(тоҷ.). president.tj (16 ноябри 2018). 27 Декабри 2018 санҷида шуд.
- ↑ Дар давраи Истиқлолият иқтидори истеҳсолии соҳа бе назардошти НБО «Роғун» 1520 МВт зиёд шуд(тоҷ.). www.khovar.tj. 22 Декабри 2019 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 22 Декабри 2019.
- ↑ Аз рӯи фоизи истеҳсоли «энергияи сабз» Тоҷикистон дар қатори шаш кишвари пешсафи сайёра қарор дорад(тоҷ.). www.khovar.tj. 22 Декабри 2019 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 22 Декабри 2019.
- ↑ Дар давраи Истиқлолият иқтидори истеҳсолии соҳа бе назардошти НБО «Роғун» 1520 МВт зиёд шуд(тоҷ.). www.khovar.tj. 22 Декабри 2019 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 22 Декабри 2019.
- ↑ Маросими ба кор даровардани агрегати дуюми Неругоҳи барқи обии «Роғун»(тоҷ.). www.khovar.tj. 24 Декабри 2019 санҷида шуд.
- ↑ Дар давраи Истиқлолият иқтидори истеҳсолии соҳа бе назардошти НБО «Роғун» 1520 МВт зиёд шуд(тоҷ.). www.khovar.tj. 22 Декабри 2019 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 22 Декабри 2019.
- ↑ Иҷозати хусусӣ кардани амволи “Роғун” ва “Талко”: Ҳукумату парлумон пазируфтанд(тоҷ.). www.sputnik-tj.com. 22 Январ 2020 санҷида шуд.
- ↑ Мулоқот бо сохтмончиёни Неругоҳи барқи обии “Роғун”(тоҷ.). www.president.tj (13 июли 2022). 16 июли 2022 санҷида шуд.