Jump to content

Ладо Гудиашвили

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ладо Гудиашвили
гурҷӣ: ვლადიმერ დავითის ძე გუდიაშვილი
Суратҳо
Таърихи таваллуд 18 (30) март 1896[1][2][3][…]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт 20 июл 1980(1980-07-20)[1][5][3][…] (84 сол)
Маҳалли даргузашт
Мамлакат:
Сайт art.gov.ge
Имзо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Ладо́ (Влади́мир) Дави́дович Гудиашви́ли (гурҷӣ: ლადო (ვლადიმერ) დავითის ძე გუდიაშვილი; 18 [30] март 1896[1][2][3][…], Тифлис[4]20 июл 1980[1][5][3][…], Тифлис[6]) — рассом ва графики гурҷӣ, Рассоми халқии Иттиҳоди Шӯравӣ (1972).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Хатмкардаи Мактаби рассомӣ ва ҳайкалтарошии Тифлис (1914). Солҳои 1919-26 дар Порис зиндагӣ кардаст. Ладо Гудиашвили узви доимии ҷамъияти рассомони муҳоҷири «Занбӯрхона» («La Ruehe») буд ва дар он ҷо бо рассомони машҳур Н. С. Гончарова, М. Ф. Ларионов, А. Модиляни, И. Зулола ва дигарон аз наздик шинос шуд. Тамоюли фарҳанги Аврупои Шарқии солҳои 20 асри 20, анъанаҳои санъати тасвирии қадими гурҷӣ ва форсӣ (наққошӣ, деворнигорӣ) ва сабки наққошии рассоми шинохта Н. Пиросмани ба эҷодиёти Ладо Гудиашвили таъсир расонидааст. Мусаввараҳои Ладо Гудиашвили саршор аз эҳсосоти ҳаёти миллӣ буда, дар асоси суруду достонҳои халқӣ («Моҳии сосхалӣ, 1920»), тамсилҳои асотирӣ («Сайругашти Серафита, 1940») офарида шудаанд. Ладо Гудиашвили инчунин муаллифи тасвирҳо, силсиларасмҳои ба Пиросмани бахшидашуда ва асарҳои зиддифашистӣ (1942-43) мебошад; китобҳои бисёр, аз ҷумла «Хиради тахайюлот»-и Султон Сабои Орбелиани, «Достонҳо ва афсонаҳо» (1963)-ро оро додааст. Соли 1946 ӯ маъбади Кашветиро дар Тифлис наққошӣ кард, ки барои ин амал аз узвияти Ҳизби коммунист, АР Тифлис озод, аз Мукофоти давлатии Гурҷистон ва унвони Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ маҳрум карда шуд.