Jump to content

Лондон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Ландан)
Пойтахти Бритониё
Лондон
англ. London
Кишвар Бритониёи Кабир
Роҳбар Содиқ Хон[d][1]
Таърих ва ҷуғрофиё
Таъсис тақрибан 47[2]
Масоҳат
  • 1 572 ± 1 км²
Баландии марказ 4 м[3]
Минтақаи замонӣ UTC±00:00[d], ECG[d], UTC+1[d] ва Europe/London[d]
Аҳолӣ
Аҳолӣ
Забони расмӣ инглисӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон 20, 1322, 1689, 1708, 1737, 1895, 1923, 1959, 1992
Нишонаи почта E, EC, N, NW, SE, SW, W, WC, BR, CM, CR, DA, EN, HA, IG, KT, RM, SM, TN, TW, UB ва WD
london.gov.uk(англ.)
Нишон додан/Пинҳон кардани харита
 Парвандаҳо дар Викианбор

Лондон, ё Ландан (англ. London [ˈlʌndən] ) — пойтахт ва бузургтарин шаҳри Подшоҳии Муттаҳидаи Бритониёи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ ва аз ҳама сераҳолитарин шаҳр дар Аврупо мебошад.[5]

Ҷуғрофия ва иқлим

[вироиш | вироиши манбаъ]

Иқлими Лондон — баҳрӣ. Ҳарорати миёнаи январ 10-15С°, июл — 18,9°С

An aerial view of East London from the south-west

Ноҳияҳои асосии Лондон; Сити — дар он бонкҳою биржаҳо, идораҳои монополияҳои калон, бинои парлумон, муассисаҳои хукуматӣ ва қароргоҳи подшоҳ (қасри Букингем) ҷой гирифтаанд. Трафалгар Уэст-Энд — маҳалли истиқоматӣ ва тиҷоратӣ, Ист-Энд — пойгоҳи таъмири киштиҳо ва маҳалли коргарнишин мебошанд.

Лондон таърихи дуҳазорсола дошта, асрҳои XI—XII — пойтахти расмии Инглистон шудааст. Асрҳои XVII—XVIII Лондон ба яке аз бандарҳои калонтарини баҳрии дунё, маркази калони тиҷоратӣ ва молиявӣ табдил ёфтааст. Сокинони шаҳри Лондон дар инқилоби буржуазии Англия нақши бузург бозиданд. Лондон маркази калонтарини ҳаракатҳои коргарӣ, яке аэ манбаъҳои асосин ҳаракати чартистӣ буд. С. 1847 дар Лондон Конгрессҳои 1-ум ва 2-юми Иттифоқи коммунистон баргузор шуд. Асрҳои 19—20 дар Лондон К. Маркс, Ф. Энгелс, В. И. Ленин кор ва зиндагӣ кардаанд. Соли 1902 дар Лондон рӯзномаи "Искра" чоп мешуд.

A London street hit during the Blitz of World War II.
Bishopsgate, in the City of London.

Дар Лондон ва атрофи он корхонаҳои гуногуни саноатӣ ҷой гирифтаанд: мошинсозӣ, коркарди оҳан (саноати ҳавогард ва худравсозӣ, электротехникӣ ва электронӣ, атомӣ асбобсозӣ, таъмири киштиҳо, истеҳсоли дастгоҳҳои радиоӣ, телефон ва ғ), коғазбарорӣ, коркарди нафт ва полиграфӣ, хӯрокворӣ, тамоку, дӯзандагӣ, кимиё, чӯбгарӣ, мебелсозӣ ва ғ. Саноати Лондон дар истеҳсоли маҳсулоти саноатии мамлакат мавқеи муҳим дорад.

Лондон якҷоя бо ноҳияҳои атрофи шаҳр Лондони Бузургро ташкил медихад, ки аз 32 шаҳристон ва ноҳия иборат аст. Масоҳат — 1.8 хаз км². Аҳолӣ —  8 961 989 нафар (2020).

Мақолаи асосӣ: Нақлиёти Лондон

Фурудгоҳҳо: Лондон (Ҳитроу) ва Гатунк. Сохтмони метрои Лондон соли 1860 оғоз ёфта дар дунё қадимтарин аст.

яке аз калонтарин терминалҳои роҳи оҳан дар Лондон
Мақолаи асосӣ: Маориф дар Лондон
The Royal School of Mines entrance at Imperial College London, part of the Донишгоҳи Лондон

Дар Лондон Донишгоҳи Лондон, Донишгоҳи шаҳрӣ, Институти политехникии шаҳрӣ, Академияи санъати драмавии подшоҳӣ, Академиян мусиқии подшоҳи. Мактабн балети подшоҳй,

Лондон зиёда аз 30 осорхона, аа ҷумла Осорхонаи Британия, Осорхонаи илмӣ, Осорхонаи геология, Нигористони миллӣ, Осорхонаи баҳрии миллӣ, Театри миллӣ, театрҳои опера ва балети «Ковент-Гарден» ва «Сэдлерс-Уэлс», Китобхонаи осорхонаи Британия, Китобхонаи илмии техникии миллӣ дорад.

Мақолаи асосӣ: Варзиш дар Лондон

Лондон Бозиҳои Олимпии Тобистонаро ду маротиба, дар 1908 ва 1948. Дар июли 2005 Лондонро барои гузаронидани бозиҳои 2012 итихоб караданд, кадоме ки Лондонро якумин шаҳри се маротиба Бозиҳои Олимпии Тобистонаро мегузаронад.[6]

Машҳуртарин варзиш дар Лондон (ҳам барои бозингарон ва тамошобинон) футбол мебошад.[7]

Викианбор маводҳои вобаста ба мавзӯи
Лондон дорад
  • Энсиклопедияи советии тоҷик. Ҷилди 4. — Д., 1983

Шаблон:ВП