Резонанс

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Таъсири резонанс

Резонанс (аз фаронсавӣ: resonance, лотинӣ: resono — акс-андоза мекунам), дар ягон контури лаппиш (электрӣ, механикӣ) ба ҳадди меҳин (максималӣ) расидани амплитудаи лаппиши маҷбурист. Ҳодисаи резонанс ҳангоми ба ҳам мувофиқ омадани басомади хоси системаи лаппанда ва басомади таъсири беруна ба амал меояд. Дар табиат ҳодисаи резонанс тез-тез мушоҳида мешавад. Онро дар техника бисёр истифода мебаранд. Бисёр иншоот ва мошинҳо лаппишҳои хосро ба вуҷуд меоранд, бинобар он таъсироти даврии беруна боиси резонанси онҳо гардиданаш мумкин аст: масалан: ҳангоми аз ҷойи пайвасташавии релси роҳи оҳан гузаштани поезд таҳти таъсири зарбаҳои даврии чархҳои он резонанси кӯпрук ва таҳти таъсири қисмҳои чархзанандаи мошинҳо резонанси асоси иншоот ё худи мошин ба амал омада метавонад.

Адабиёт[вироиш]

  • Сухоруков А. П Нелинейные волновые взаимодействия в оптике и радиофизике. — Наука, 1988. — С. 230. — 230 с. — P. 230. — ISBN 5-02-013842-8

Эзоҳ[вироиш]

Нигаред[вироиш]

Видео-дарс: Резонанс
Commons-logo.svg
Анбори Википедиа дар бораи ин мавзӯъ гурӯҳ дорад:

Манбаъ[вироиш]

Энсиклопедияи Советии Тоҷик Мақола дар асоси маводи Энсиклопедияи Советии Тоҷик навишта шудааст.