Литсейи касбии алоқаи шаҳри Душанбе

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Литсейи касбии алоқаи ш. Душанбе
 (ЛКА)
Номҳои пештара Омӯзишгоҳи касбии алоқаи ш. Душанбе
Соли асосгузорӣ 1941
Азнавташкилшавӣ ба литсей
Соли азнавташкилшавӣ 1998
Навъ Литсейи касбии алоқа
Директор Бурхонов Ш.С.
Макон  Тоҷикистон
Нишонӣ шаҳри Душанбе, к. Мирзо Турсунзода 47
Сайт pls.tj
Логотип http://pls.tj/wp-content/uploads/2016/12/logof%20%E2%80%94%20%D0%BA%D0%BE%D0%BF%D0%B8%D1%8F.png

Литсейи касбии алоқаи ш. Душанбе — яке аз муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ мебошад. Литсейи алоқа дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода 47 ҷойгир аст.

Таърих[вироиш | вироиши манбаъ]

Литсейи касбии алоқаи шаҳри Душанбе сарнавишти худро аз мактаби ТФЗ (таҳсилоти фабрикавӣ-заводӣ) оғоз намудааст. Аввалин маротиба соли 1930 дар Тоҷикистон аз тарафи Вазорати алоқаи ҶШС Тоҷикистон барои тайёр намудани кадрҳои коргари соҳаи алоқа мактаби ТФЗ ташкил карда шуда буд.

Мавҷудияти мактаби ТФЗ дар ихтиёри муассисаи алоҳида, ки барои як корхона мутахассис тайёр мекард ва омӯзиш ба таври бригадавӣ мегузашт талаботи хоҷагии халқро бо ихтисосмандон пурра таъмин карда наметавонист. Бинобар ин чунин соҳаро ташкил кардан лозим буд, ки тайёр намудани коргаронро дар асоси нақшаю барномаҳо ва ба ҳисобгирии манфиатҳои умумидавлатӣ талаботҳои афзоянда ва пешравиҳои соҳаи хоҷагии халқро таъмин карда тавонад.

Фармони Шурои Вазирони СССР аз 2 октябри сол 1940 «Дар бораи таъсиси захираҳои кории давлатӣ» яке аз аввалин зинаҳоро дар пешравии таълимоти касбӣ-техникӣ дар мамлакатамон кушод. Бо қарори захираҳои назди Шӯрои Комиссарони ҶШС Тоҷикистон вобаста ба вазъияти ҷангӣ аз 14.06.1941 ҳамчун РУ (омӯзишгоҳи косибӣ)-и №3 ш. Сталинобод ташкил карда шудааст.

Азбаски солҳои аввали кушодашавии омӯзишгоҳ бо солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ рост меомад, кори таълиму тарбия хеле душвор буд. Зеро беҳтарин кормандони он ба ҷанг сафарбар карда шуда буданд, ки малака ва маҳорати дурусти кори надоштанд. Дониши назариявию амалияашон ба талабот ҷавоб намедод. Аз тарафи дигар дар ҳамон солҳо руҳияи меҳнати донишомӯзи баланд ва мустаҳкам буд. Ҷавонон тавонистанд, ки дар муддати кутоҳтарин ба устоҳои баландихтисоси дорои дониши намунав| табдил ёбанд.

Заҳмату меҳнати самарабахш ва таълими намунавии онҳо дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ меҳру муҳаббати онҳоро ба Ватан нишон медод. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ таълимгоҳ зиёда аз 450 нафар коргарони баландихтисосро тайёр намуда онҳоро ба соҳаҳои хоҷагии халқ ба кор фиристод.

Дар давоми солҳои 1945-1957 омӯзишгоҳи номбурда 1067- нафар коргар ҷавононро аз рӯи ихтисосҳои «Алоқачӣ», «Монтёр», «Монтёри иншоотҳои хатҳои алоқаи телефон»,«Радиооператорҳо», «Монтёрҳои хатҳои телефонию телеграф, операторони алоқаи почтави»ро тайёр намудааст. Дар солҳои 70-80 асри гузашта ОКТ алоқаи таҷрибаи бои тайёр намудани мутахассисонро ба бар намуда дар тайёркунии мутахассисон мамлакатҳои Ангола, Вйетнам, Ҳиндустон, Афғонистон ва ғайра пардохт.

Ҳунаромӯзон баробари таълим дар истеҳсолот, хусусан дар пешрафти алоқа дар Ҷумҳурӣ саҳми худро гузоштаанд. Онҳо дар таъмиру бакордарории шабакаҳои радио, телефон, телеграфу иншоотҳои муҳими хоҷагии халқ ба самтҳои ағбаи Анзоб, ноҳияҳои Ҳисору Шаҳринав ва электрокунонии тамоми хоҷагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳмгузор мебошанд.

Бо фармони Вазири меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 октябри соли 1998 Омӯзишгоҳи касбию техники № 5-и ш. Душанбе ба Литсейи касбии алоқаи № 5 ш. Душанбе табдил дода шудааст.

Аз 3 ноябри соли 2003 Литсейи техникии алоқаи ш. Душанбе бо фармони Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо Литсейи касбии № 5-и ш. Душанбе табдил дода шудааст. Мувофиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 марти соли 2001 Литсей ба сохтори Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда шудааст.

Мутобиқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 200 «Дар бораи такмили сохтори мақомоти маркази ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 «Дар бораи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тобеияти Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда шудааст.

Дар давоми фаъолияти худ Литсейи касбии алоқаи ш. Душанбе зиёда аз 15000 нафар коргарҷавонони баландихтисосро тарбия намуда ба соҳаҳои гуногуни Ҷумҳурӣ ва берун аз он ба кор фиристодааст. Литсейи номбурда дорои кабинетҳои таълими назариявӣ, истеҳсоли ва устохонаҳои тахассусӣ буда барои тайёр намудани ихтисосмандони ҷавон тамоми шароитҳоро муҳайё сохтааст. Дар Литсей омӯзгорон ва устоҳои таълими истесолии соҳибтаҷриба кор ва фаъолият менамоянд.

Ихтисосҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Литсейи касбии алоқаи ш. Душанбе аз рӯи ихтисосҳои зерин мутахассисонро барои хоҷагии халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон тайёр менамояд.

  • Монтёри барқ оид ба иншоотҳои хатии алоқаи телефон ва шунавонидани хатт (сим)
  • Телефончӣ
  • Оператори алоқаи почтавӣ
  • Кабелчи-кафшергар
  • Радиомеханик оид ба таъмир ва хидматрасонии дастгоҳҳои радио ва телевизион (видео)
  • Оператори технологияи компютерӣ
  • Системаи компютерӣ ва интернет-технология
  • Дӯзанда
  • Харрот – Тарошкор
  • Техник метеоролог
  • Технологияи информационӣ ва телекомуникация
  • Хизматрасонии техникӣ ва таъмири техникаи электронии  ҳисоббарор
  • 1C-Ҳисобдор(бо донистани компютер)

Дар баробари таълими назариявӣ дар асоси раванди нақшаю барномаҳои таълим хонандагони бахши дуюм дар ташкилотҳои такягоҳи (базавӣ) таҷрибаомзии истеҳсолӣ мегузаронанд. Барои таҷрибаомӯзии истеҳсолии хонандагон, байни Литсейи касбии алоқа ва ташкилотҳои базавии ҶСК «Тоҷиктелеком», ҶСК «Радиотелеком», Корхонаҳои воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷик» шартономаи тарафайн баста шудааст.

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]