Лодан

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Лодан

Лодан — коҳуи обӣ (Nasturtium), ҷинси рустаниҳои бисёрсолаест аз оилаи чилликгулҳо. Дар дунё 6 маълуманд. Лодан барги пармонанд, гули майдаи одатан сафед, баъзан гулобӣ, ғилофакмеваи кушодашаванда доранд. Дар Тоҷикистон танҳо 1 намуди Лодан (Nasturtium microphyllum) паҳн шудааст ва дар шибарзамин, соҳили кӯлу дарё, ҳамвораҳои рутубатноку доманакӯҳ ва ғайраҳо месабзад.