Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Луис Иносийу Луло до Силва

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Луис Иносийу Луло до Силва
португалӣ: Luiz Inácio Lula da Silva
аз 1 январ 2023
Пешгузашта Жуир Булсунору

Таваллуд 27 октябр 1945(1945-10-27)[1][2][3] (80 сол)
Ном ҳангоми таваллуд португалӣ: Luiz Inácio da Silva
Падар Aristides Inácio da Silva[d]
Модар Dona Lindu[d]
Ҳамсар Rosângela Lula da Silva[d]
Фарзандон Marcos Claudio Lula da Silva[d] ва Lulinha[d]
Ҳизб
Эътиқод котулисизм[d]
Соядаст
Ҷоизаҳо
Order of the Star of Ghana Great Cross of the National Order of Scientific Merit Grand Cross of the Order of the Southern Cross Grand Cordon of the Supreme Order of the Chrysanthemum Knight Grand Cross of the Order of St. Olav‎ Ордени Озодӣ (Украина) Order of Prince Yaroslav the Wise, 1st class Collar of the Order of Isabella the Catholic‎ Order of Camões Grand Cross of the Military Order of the Tower and Sword Grand Collar of the Order of Liberty Collar of the Order of the Aztec Eagle Grand Cross of the National Order of Benin Order of the Equatorial Star Order of Amilcar Cabral 1st Class Order of the Companions of O. R. Tambo Grand Cross, Special Class of the Order of the Sun of Peru Grand Cross of the Order of Boyacá Grand Collar of the Order of the Andes' Condor Order of King Abdulaziz al Saud Order of the Umayyads

ҷоизаи Ҷавоҳирлаъл Неҳрӯ (2006)

Grand Cross of the Order of the Bath

Bruno Kreisky Award for Services to Human Rights[d]

Q6533207? (2003)

ҷоизаи сулҳ ба номи Феликс Уфуэ-Буанйӣ[d] (2008)

Indira Gandhi Peace Prize[d] (2010)

Four Freedoms Award – Freedom Medal[d] (2012)

ҷоизаи Chatham House[d] (2009)

World Food Prize[d] (2011)

North–South Prize[d]

Ҷоизаи ҷаҳонии Каталония[d] (2012)

Order of Rio Branco Order of Naval Merit Knight of the Order of the Elephant Order of Omar Torrijos Herrera Order of the Eagle of Zambia

Princess of Asturias Award for International Cooperation[d] (2003)

National Order of Merit

д-ри ифтихории ДМ Росарио[d]

honorary doctorate of the National University of San Marcos[d]

honorary doctorate of the University of Salamanca[d]

Order of Aeronautical Merit

honorary doctorate of the University of Coimbra[d]

Amílcar Cabral Medal National Order of Merit

honorary doctorate from Sciences Po[d] (2011)

honorary doctor of Paris 8 University[d] (2025)

Вебгоҳ lula.com.br
 Парвандаҳо дар Викианбор

Луис Иносийу Луло до Силва (به پرتغالی: Luiz Inácio Lula da Silva) — сиёсатмадори Бразилия ва собиқ президенти Бразилия. Ӯ ду маротиба пайиҳам дар солҳои 2002 ва 2006 президенти Бразилия интихоб шуд. [5] Қаблан ӯ дар интихоботи президентии Бразилия дар солҳои 1989, 1994 ва 1998 ширкат карда буд, аммо дар ин замина муваффақ нашуд. [6] До Силва, яке аз асосгузорони Ҳизбии меҳнатии Бразилия мебошад.Дар давраи ҳукмронии ӯ иқтисодиёти Бразилия босуръат рушд кард ва Бразилия ҳамчун яке аз кишварҳои иқтисодии рушдёбандаи ҷаҳон баромад.

Луис панҷумин раисиҷумҳури Бразилия аст, ки аз зиндон раҳо шуд ва ҳамзамон нахустин раиси ҷумҳури ин кишвар аст, ки бо ҷурми фасод боздошт шудааст. [7] Луло яке аз маъруфтарин президентҳои таърихи Бразилия ва яке аз маъруфтарин сиёсатмадорони ҷаҳон маҳсуб мешавад. [8] [9] [10]

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Луис Иносийу Луло да Силва 27 октябри соли 1945 дар Кайтес, воқеъ дар 250-километрии шаҳри Ресифи дар шимолу шарқи Бразилия таваллуд шудааст. Ӯ ҳафтумин писар аз ҳашт фарзанди як оилаи камбизоат буд. Ӯ аз синни 12-солагӣ маҷбур шуд, ки ба кор машғул шавад ва дар кӯча кафшҳои раҳгузаронро мум карда, пул кор мекард. Ӯ дар синни 14-солагӣ нахустин кори расмии худро ба ҳайси харрот дар корхонаи коркарди мис оғоз кардааст. [5]Луис дар синни 19-солагӣ ҳангоми кор бо дастгоҳ дар натиҷаи садама як ангушташро аз даст дод. Луис оҳиста-оҳиста ба масъалаҳои иттифоқи касаба дохил шуда, фаъолияти худро дар ин соҳа вусъат дод. Сипас узви иттифоқи коргарони металлургии Бразилия шуд ва дар соли 1975 раёсати ин иттиҳодияро ба ӯҳда гирифт. Аз сабаби он, ки бояд кор мекард, мунтазам таҳсилоташро идома дода наметавонист ва танҳо то синфи ҳаштум таҳсил намудааст. [11]

Сафар ба Эрон

[вироиш | вироиши манбаъ]
Луло дар мулоқот бо оятуллоҳ Сайид Алӣ Хоманаӣ

Дар моҳи майи соли 2009 До Силва бо мақсади ширкат дар нишасти G15 дар раъси як ҳайати баландрутбаи сиёсӣ ва иқтисодӣ ба Эрон сафар кард Дар ин сафар ӯ бо Сайид Алӣ Хоманаӣ, президент Маҳмуди Аҳмадинажод ва Алӣ Лоринҷонӣ мулоқотҳо дошт. Дар замони президентии Луло ҳаҷми муомилоти миёнаи мол байни Эрон ва Бразилия аз 14 миллион доллар ба ҳудуди 3 миллиард доллар афзоиш ёфт.

Моҳи марти соли 2016 пулис ба хонаи Луло до Силва дар канори шаҳри Сан-Паулу рафт ва субҳи ҳамон рӯз ӯро боздошт кард. Пулис сабаби боздошти ӯро мавҷуд будани далелҳои гирифтани фоидаи ғайриқонунӣ аз ширкати нафтии «Petrobras» унвон кард.

  1. Encyclopædia Britannica (ингл.)
  2. Энциклопедия Брокгауз (нем.)
  3. Munzinger Personen (нем.)
  4. https://divulgacandcontas.tse.jus.br/divulga/#/candidato/2022/2040602022/BR/280001607829
  5. 5.0 5.1 Luiz Inácio Lula da Silva وبگاه دانشنامه بریتانیکا
  6. Profile: Luiz Inacio Lula da Silva
  7. Lula é o quinto presidente da história do Brasil a ser preso. Saiba quem são os outros, Gazeta do Povo (5 April 2018). Проверено 27 июли 2018.
  8. Lula leaves office as Brazil's 'most popular' president, BBC News, British Broadcasting Corporation (31 December 2010). Проверено 4 Январ 2011.
  9. 'The Most Popular Politician on Earth' (31 December 2010). 4 Январ 2011 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 29 Декабри 2010.
  10. Lula's last lap (8 January 2009). Проверено 4 Январ 2011.
  11. Luiz Inácio Lula da Silva Бойгонӣ шудааст 24 مه 2009. وبگاه نشریه تایم