Jump to content

Лутфулло Давлатзода

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Лутфулло Давлатов)
Лутфулло Давлатзода
Таърихи таваллуд: 2 апрел 1958(1958-04-02) (66 сол) ё 1958
Зодгоҳ:
Шаҳрвандӣ:
Касб: ҳунарпешаи театр, ҳунарпешаи синамо, ҳунарпеша
IMDb: ID 4192194

Лутфулло Давлатзода (Давлатов Лутфулло Саъдуллоевич; 2 апрели 1958, деҳаи Кангурт, ноҳияи Совет, Вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон) — ҳунарпешаи театр ва синамо, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1999).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Лутфулло Давлатзода 20 декабри соли 1958 дар ноҳияи Совет ба дунё омадааст. Соли 1979 Донишкадаи давлатии санъати ба номи Мирзо Турсунзодаро ба итмом расонда, муддате дар Театри драмаи мусиқии ш. Конибодом кор кардааст. Баъди хидмат дар Артиши Шӯравӣ аз соли 1981 актёри Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ буд, солҳои 2004—2009 сармуҳаррири идораи мусиқии Теле­ви­зони Тоҷикис­тон, солҳои 2010—2015 ТВ Сафина ва аз соли 2015 директори Театри Лоҳутӣ мебошад[1].

Дар саҳнаи театр образҳои ҷолиб зиёд офаридааст. Спектаклҳои «Найи сеҳрнок», «Вопасин арӯси Амир­алмӯъ­минин», «Фарзанди Осиё», «Ҷияни хира», «Нахи печида», «Эдип», «Фарёди ишқ», «Дод аз дасти ақл», «Дохунда» ва ғайраҳо бо ҳунараш рангу бӯ гирифтаанд, маҳораташ дар спектаклҳои телевизионии «Курсии сеҳрнок», «Зани оҳанин», «Дуздӣ», «Ҳайкал», «Аноӣ», филм — спектакли «Ғуруб» ва ғайра зуҳур кардааст. Ҳунарашро дар филмҳои бадеию телевизионии «Гирдоб», «Дар орзуи падар», «Пой дар гил» «Беҳуда хорам мекунӣ» ва ғайра нишон додааст. Истеъдоди хуби сарояндагӣ ҳам дорад. «Аз ғамат ай нозанин», «Бе хоки Ватан ҳеҷам», «Тоҷикистонро нигоҳ дор» барин суруд­ҳоро ҳаводорон хуш пазируфтаанд.

Бо медали «Хидмати шоиста» сарфароз шудааст.

  1. Президенти Тоҷикистон. Таъиноти кадрӣ. www.prezident.tj. 4 май 2021 санҷида шуд.
  • Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.