Jump to content

Луғати фурс

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

«Луғати фурс» (форсӣ: لغت فرس‎) — нахустин луғати тафсирии забони тоҷикӣ-форсист, ки то ба замони мо омада расидааст. Асадии Тӯсӣ онро тақрибан солҳои 10661067 ҳангоми дар Озарбойҷон зистанаш дар асоси ашъори шуаро тартиб дода, мисолҳоро асосан аз шоирони Мовароуннаҳру Хуросон меорад. Дар «Луғати фурс» ашъори беш аз сад шоири асрҳои XIX—XI иқтибос шуда, ки намунаҳои дигари эҷодиёти аксарияташон дар дигар ҷой вуҷуд надорад. Аз ин лиҳоз «Луғати фурс» ба арзиши баланди илмӣ соҳиб аст. Дар он аз ашъори Рӯдакӣ, Шаҳиди Балхӣ, Мунчик, Дақиқӣ, Унсурӣ, Фаррухӣ, Фирдавсӣ ва ғайра мисолҳо оварда мешавад. Инчунин порчаҳои зиёд аз «Калила ва Димна» ва «Синдбоднома»-и Рӯдакӣ, «Офариннома»-и Абушакури Балхӣ, «Вомик ва Узро»-и Унсурӣ дарҷ гардидаанд. «Луғати фурс» бештар аз 2000 калимаро фаро мегирад. Дар он калимаҳои душворфаҳму камистеъмол, номи ситораҳои бурҷҳои фалакӣ, ашхосу сарзаминҳо, вожаҳои маҳаллию лаҳҷавӣ, паҳлавӣ, суғдӣ ва як миқдор калимаҳои ҳиндӣ, юнонӣ, арабӣ ва туркӣ эзоҳ дода мешаванд.[1]

Ағлаби калимаҳое, ки дар «Луғати фурс» тафсири кӯтоҳи онҳо дода шудааст, луғатҳое мебошанд, ки бо вуҷуди дар ашъори шоирони классик ба кор рафтан на барои ҳама, хусусан барои мардуми вилояти Озарбойҷон, ки Асадӣ луғати худро барои онҳо таълиф карда буд, фаҳмо буданд. Барои мисол:

  • гужуб — галлаи ангур бошад ба гужум низ гӯянд;
  • фартут — сахт пир шуда бувад, чунонки Рудакӣ гуфт:
Пири фартут гашта будам сахт,
Боз гаштам ба рузи барноӣ.
  1. Ниг: «Бурҳони қотеъ», нашри Муҳаммади Муин, чопи I, ҷ. I. — Теҳрон, 1330 ҳиҷрии шамсӣ, муқаддима. — С. 71-77; Назарзода С. Забон ва истилоҳот (Андешаҳо дар атрофи забони тоҷикӣ ва ташаккули истилоҳот). -Душанбе, 2003, — С. 78.