Jump to content

Мадина Акназарова

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Мадина Акназарова
Таърихи таваллуд 15 феврал 1998(1998-02-15) (26 сол)
Зодгоҳ
Солҳои фаъолият 2017 — то ҳол
Кишвар
Пеша(ҳо) овозхон
Сабк мусиқии поп
Ношир(он) Tamoshow

Мадина Акназарова (форсӣ: مدینه حق‌نظروا‎; зод. 15 феврали 1998, Хуҷанд, вилояти Суғд, Тоҷикистон) — овозхони тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Мадина Акназарова 15 феврали соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омадааст[1]. Падару модараш зодагони Бадахшон мебошанд. Мадина дар хонавода фарзанди ягона мебошад. Замони чорсола буданаш хонаводаи ӯ ба шаҳри Санкт-Петербурги Русия мекӯчанд. Пас аз ду сол онҳо ба Тоҷикистон бармегарданд ва Мадина ду соли аввали таҳсилро дар яке аз мактабҳои шаҳри Чкаловски вилояти Суғд хондааст. Дар замоне, ки ӯ мактаби ибтидоӣ мехонд, волидонаш аз ҳам ҷудо шуданд.

Пас аз хатми синфи 2 онҳо дубора ба Санкт-Петербург кӯчиданд. Мадина то синфи 9 дар мактаби № 596 ин шаҳр таҳсил кардааст. Дар даврони таҳсил дар мактаб яке аз муаллимонаш мутаваҷҷеҳи истеъдоди ӯ дар заминаи овозхонӣ шуд ва ба тавсияи муаллимаш дар маҳфилҳои мусиқӣ ширкат кардааст[2].

Дар соли 2014, пас аз хатми синфи 9 хонаводаи Мадина ба шаҳри Душанбе бар гаштаанд. Мадина бо маслиҳати бобояш ба Коллеҷи санъати ба номи Аҳмад Бобоқулов ба шуъбаи академӣ (опера) рафт ва онро бо хубӣ хатм кард. Пас аз он ба таври ҳирфаӣ шурӯъ ба фаъолият дар заминаи мусиқӣ кард ва таҳсилашро дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон идома дод. Феълан ӯ донишҷӯи соли чоруми ин донишкада мебошад.

То имрӯз Мадина Акназарова консертҳояшро дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Маскав ва Санкт-Петербург баргузор кардааст[3].

Мадина Акназарова соли 2017 дар саҳнаи тоҷик бори аввал баромад кард. Тембрҳои ғайриодии овоз, сабки иҷро, матни хуб ва нерӯ зуд ӯро дар дили мухлисон ҷо кард[4].

Сол Албом Номи суруд
2020 Ҷону дилам[5] Арӯсу шаҳ зебанда
Ай ки ба дӯши саҳар
Ай ёр ёр
Бирақсем
Дилакам
Гули себ
Ҷону дилам
Кори ту
Оре
Сайри Бадахшон
Шаб
Ту будӣ
Ту марав
Ёд мекунӣ
Ёри ман
Дидам нигори худро
Кабкаки маст
Сабзинаранг

Таронашиносӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. Мадина Акназарова. Биография, возраст, семья, популярные песни и клипы, Инстаграм(рус.). Газета о людях (23 Январ 2021). 3 апрели 2021 санҷида шуд.
  2. Мадина Акназарова: биография, семья, карьера и интервью. stories-of-success.ru. 3 апрели 2021 санҷида шуд.
  3. Шӯх: нашри суруд ва намоҳанги нави Мадина Ақназарова - видео(тоҷ.). Sputnik Tajik. 3 апрели 2021 санҷида шуд.
  4. Стать звездой несложно: Мадина Акназарова о любви, поклонниках и пластике(рус.). Sputnik Таджикистан. 3 апрели 2021 санҷида шуд.
  5. Альбом «Jonu Dilam» (Madina Aknazarova)(рус.).(пайванди дастнорас)