Мазбутҷон Муҳидинов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Мазбутҷон Муҳидинов
Мазбутҷон Муҳидинов
Таърихи таваллуд 15 ноябр 1954(1954-11-15) (69 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Ҷомӣ, ҶШС Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ иқтисодиёт, биология
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои биология
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко

Мазбутҷон Муҳидинов (тав. 15.11.1954) ноҳияи Ҷомӣ, ҶШС Тоҷикистон) — олим, омӯзгор, номзади илмҳои биологӣ, дотсент.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Мазбутҷон Муҳидинов Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко-ро бо ихтисоси биолог хатм кардааст. ( 1976)

  • Солҳои 1976-1978 – лаборанти калони Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерология АИ ҶТ
  • Солҳои 1978-1993 – корманди илмӣ калони илмӣ Пажӯҳишгоҳи зоология ва паразитологияи АИ ҶТ
  • Солҳои 1979-1983 – аспиранти шуъбаи ғоибонаи Пажӯҳишгоҳи зоологи АИ ИҶШС ш.Ленинград
  • Солҳои 1993-1998 – дотсенти ДОТ ба номи С. Айнӣ
  • Солҳои 1998-2001 – котиби илмӣ коллеҷи аграрӣ ДАТ дар ш. Хуҷанд
  • Аз соли 2001 – то ҳол – дотсенти кафедраи маркетинг-агробизнеси Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон[1]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]