Jump to content

Мазори Лангар-ато

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Мазори Лангар-ато - яке аз мавзеи Зиёратгоҳҳои Ҳисор мебошад. Дар ҳудуди ҷамоати Сомон (собиқ Хонақоҳ)-и ноҳияи Ҳисор, дар қисми шимолии роҳи мошингарди Душанбе—Турсунзода деҳае бо номи Лангари Боло мавҷуд аст, ки таърихи хеле қадима дорад. Мазорест дар ин ҷо бо номи Исмоил- ато, ки ӯро асосгузори ҳамин деҳа мегӯянд. Аслан зодаи Бухорои Шариф буда, аз авлоди Сайид Амири Кулол мегӯяндаш. Эшони Исмоил-ато дар Бухоро таҳсили илм карда, пайраву муриди Хоҷа Баҳоуддини Нақшбанд будааст. Баъди хатми мадраса аз пири худ «Хати иршод» гирифта, дар замони Амир Темур ба Ҳисори Шодмон омада дар ҷойи ҳозираи деҳа лангар (қарор, макон) гирифтааст..[1]

  • Юсуф Қодиров, Абдуҳалим Самадов. Зиёратгоҳҳои Ҳисор. - Душанбе: «Ирфон», 2011.

Пайнавиштҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. Донишномаи Ҳисор.-Душанбе: "Ирфон", 2015, - с. 256-258