Майсара Дилдорова
Таърихи таваллуд | 2 август 1944 (80 сол) |
---|---|
Зодгоҳ | |
Кишвар | |
Пеша(ҳо) | овозхон, ҳунарпешаи театр |
Ҷоизаҳо |
Майсара Дилдорова (зод. 2 августи 1944, Хоруғ, ВМКБ) — овозхон ва ҳунарпешаи тоҷик. Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон (1985).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Фаъолияти ҳунариашро дар дастаи ҳавасмандони санъати мактаби миёнаи шаҳри Хоруғ оғоз намудааст (1955). Аз соли 1960 сароянда ва ҳунарпешаи Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Хоруғ ба номи М. Назаров. Аз услуби миллии мактаби сарояндагии мардуми Бадахшон баҳра бардоштааст. Истеъдоди сарояндагии Майсара Дилдорова, махсусан дар иҷрои сурудҳои лирикӣ бештар зоҳир гардидааст. Барномаҳои эҷодиаш ғанӣ ва пурмазмун буда, сурудҳои мардумии халқҳои гуногуни собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ (ӯзбекӣ, қирғизӣ, қазоқӣ, озарӣ, русӣ) ва халқҳои Шарқ (арабӣ, афғонӣ, ҳиндӣ, эронӣ)-ро дар бар мегирад. Беҳтарин сурудҳои Майсара Дилдорова «Бахти ман дар Тоҷикистони ман аст» (оҳанги Қ. Яҳёев, шеъри М. Ҳайдаршо), «Иди Зафар» (оҳанги З. Шаҳидӣ, шеъри М. Миршакар), «Хоруғи зебо» (оҳанги Ф. Солиев, шеъри М. Ҳайдаршо); «Милая мама» (суруди русӣ, оҳанги Ляшко), «Байрам галур» (суруди халқии озарӣ), «Ситораҳо», «Моҳи Шуғнон» (оҳанги Қ. Шоискандаров, шеъри М. Ҳайдаршо) мебошанд. Майсара Дилдорова инчунин дар саҳнаи Театри мусиқӣ-мазҳакавии ш. Хоруғ як силсила нақшҳои асосиро бозидааст. Нақшҳои бозидаи Майсара Дилдорова бисёр ҳаётӣ, ҷолибу таъсирбахш буда, сифатҳои наҷиби қаҳрамонони онро нишон медиҳанд: Гулқурбон («Тошбек ва Гулқурбон»-и М. Миршакар), Гурдофарид («Рустам ва Суҳроб»-и Ғ. Абдулло), Гулбаҳор («Бой ва хизматгор»-и Ҳ. Ҳакимзода), Ситора («Бахти шумо бахти ман аст»-и М. Миршакар), Латофат («Тӯй»-и С. Ғанӣ) ва ғ.
Сафарҳои ҳунарӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 1986 дар фестивали «Роҳи абрешим» дар Ҷопон ширкат намудааст. Дар рӯзҳои душвори ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар Майсара Дилдорова ба манзури пайванд намудани риштаҳои гусастаи дӯстӣ бо аввалин корвони санъати Бадахшон дар саҳнаҳои Душанбе ва Хатлон ҳунарнамоӣ намудааст. Соли 1999 ба ИМА ва Канада сафари ҳунарӣ дошт.
Дар тӯли фаъолияти эҷодиаш дар саҳна зиёда аз 30 нақш бозида, бештар аз 200 суруду оҳанг офаридааст. Ҳоло дар дастаи ҳунарии «Навои Бадахшон» ба ҳайси мушовир фаъолият мекунад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Дилдорова Майсара / А. Раҳмонқулов // Ғ — Дироя. — Д. : СИЭМТ, 2016. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 5). — ISBN 978-99947-33-67-5.