Jump to content

Мактабҳои усули нав

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Мактаби Мунзим)

Дар охири асри XIX - аввали асри XX муносибати як гурӯҳ зиёиёни пешқадам нисбат ба таълими мактабҳои усули куҳна, тағйир ёфта буд. Ин гурӯҳи зиёиён (ҷадидон ба монанди Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ, Абдуқодир Шакурӣ, Садриддин Айнӣ, Мунзим, мулло Салоҳиддин, мулло Шамсиддин ва диг.) — яке аз сабабҳои асосии қафомондагии диёри худ ва мардуми онро дар мавҷудияти чунин усул дида, дар андешаи ислоҳи он буданд. Замони нав (баъд аз тобеъ гардидани Осиёи Миёна ба империяи Русия – нимаи дуюми асри XIX) – замони инкишофи муносибатҳои молию пули дар иктисодиёти кишвар (генерал-губернатории Туркистон) зарурияти ислоҳоти мактабҳои усули куҳнаи маърифати исломи ва таффакури мардуми маҳаллиро талаб мекард. Зарурияти бунёди мактабҳои усули нав ба миён омад. Зеро, дар мактабҳои усули нав ба талабагон дар баробари хондани “Қуръон” ва азхуд намудани асосҳои дини ислом, инчунин, риёзиёт, ҷуғрофия, таърих ва фанҳои дигари дунявиро меомӯхтанд. Омӯхтани илмҳои дуняви диққати талабагонро бештар ба олами ҳасти ҷалб мекард, ки ин махсусан дар замони нав барои васеъ намудани дараҷаи дониш ва аз ҷиҳати маънави бедор намудани наврасон нақши мусбатро мебозид. Мӯхлати таҳсил дар аксари мактабҳои усули нав чорсола, дар баъзе шаҳрҳо, аз ҷумла дар Тошкент шашсола буд.

Бунёди мактабҳои усули нав

[вироиш | вироиши манбаъ]

Кишвари Туркистон

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар шароити кишвари Туркистон ташкили мактабҳои русии маҳалли кушодани мактабҳои усули навро тезонид. Зеро, ин воқеият зиёиёни пешқадами кишварро водор намуд, ки зудтар оид ба тақдири халқи худ чораҳои амалие андешанд. Бо дастгирии бойҳои маҳаллӣ, мулло Салоҳиддин, - с. 1898 дар Қӯқанд, мулло Шамсиддин - с.1899 дар Андиҷон ва қори Манон - дар Тошкент мактабҳои усули нав, бо таълим ба забони ӯзбекӣ ташкил ёфтанд.

Нахустин мактаби форсии тоҷикӣ бо ташаббуси маорифпарвари самарқандӣ - Абдуқодир Шакурӣ кущода шудааст. Мактаби аввалин с. 1901 дар гузари Хоҷазудмуроди шаҳри Самарқанд кушода шуд. Баъдтар, Абдуқодир Шакурӣ дар деҳаи Раҷабамини Самарқанд ва с.1903 дар гузари Қӯшҳавз мактабҳои усули навро бунёд намудааст. Садриддин Айнӣ с. 1908 ҳангоми бори аввал ба Самарқанд сафар намуданаш, бо ҳамроҳии М.А. Мунзим маҳз бо фаъолияти ҳамин мактаб шинос шудааст. Аз ҳамон рӯзи шиносои бо мактаби Абдуқодир Шакурӣ сар карда, мегӯяд ӯ

“фикри мактаб тамоми мағзи моро ишғол кард.”

— Абдуқодир Шакурӣ

А. Шакурӣ инчунин барои мактаб дастурҳои таълими - махсусан китобҳои дарсиро низ тартиб медод. Ба қалами ӯ аввалин китоби алифбои форсии-тоҷикии мактабҳои усули нав - “Роҳбари савод”, китобҳои қироати адабӣ - “Ҷомеъулҳикоёт”, “Зубдатулашъор” тааллуқ дорад. Дар ин мактаб ҳар сол маҷлиси кушоди имтиҳонот ташкил мешуд, ки рафти онро на танҳо волидайни талабагон, балки дигар ҳавасмандон низ мушоҳида карда метавонистанд. Миқдори мактабҳои усули нав дар кишвари Туркистон сол аз сол меафзуд. Абдуррауфи Фитрат хоҳиши маорифпарварони Самарқанд – Абдулқодири Шакурӣ, Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ, Сиддиқии Аҷзӣ, Сайидаҳмади Васлӣ, Шукруллоҳ Муин, Фахриддини Роҷӣ ва дигаронро ба инобат гирифта, соли 1912 барои толибилмони мактабҳои ҷадид «Мавлуди Шариф ё худ миръоти Хайрулбашар»-ро ҳамчун дастури таълимӣ менависад. Китоби мазкур соли 1914 дар Тошканд чоп мегардад. Ин достон аз муқаддима, 15 фасл ва хулоса иборат буда, дар он аз боби корномаи фавқулоддаи пайғамбари ислом Ҳазрати Муҳаммад (с) сухан меравад. «Мавлуди Шариф ё худ миръоти Хайрулбашар» дар баланд бардоштани ахлоқи маънавии ҷавонони имрузаи тоҷик саҳми муносиб мегузорад.[1] Агар соли 1910 шумораи мактабҳои усули нав дар шаҳр ва маҳалҳои гуногуни кишвар тақрибан 50 адад бошад, пас соли 1911 онҳо ба 68 адад расиданд. Аз он ҷумла дар сарзамини имрӯзаи Тоҷикистони Шимолӣ - собиқ уезди Хуҷанд, волостҳои Панҷакент, Конибодом ва Исфара 7 адад мактабҳои усули нав амал мекарданд.[2]

Аморати Бухоро

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аввалин кӯшиши ташкил намудани мактаби усули нав дар аморати Бухоро ба мулло Чӯрабойи Пирмастӣ (соли 1900) мансуб аст. Вале мактаби ӯ ба қадри имкон ҳавасмандонро ба худ ҷалб карда натавонист ва аз ин рӯ, бо зуди баста шуд. Солҳои 1902-1903 Каипов ном тотор, ки мактабдори оддии анъанавӣ буд, мактаби худро ба усули нав табдил дод. Вале он мактаб низ дер давом накард ва баста шуд. Тоторони Бухоро, ки раияи Русия ба ҳисоб мерафтанд ва аз даҳолати ҳукуматдорони амир эмин буданд, бинобар ин дар аввал барои ташкили мактабҳои усули ҷадидия ягон монеъа намекарданд. Мактабҳои усули нави тоторӣ, ки дар онњо забони таълим низ тоторӣ буд, барои таҳсили бухороиён-тоҷикон ва тоҷикзабонон душворӣ мекард. Бинобар ин бухороиён аз чунин мактабҳои усули нав ба тариқи кофӣ баҳравар шуда наметавонистанд.[2]

Соли 1908 бо ташаббуси Мирзо Абдулвоҳид Бурҳонзода (Мунзим) ва Садриддин Айнӣ дар шаҳри Бухоро, дар гузари Дарвозаи Салоҳҳон, дар ҳавлии Мунзим, аввалин мактаби форсии тоҷикӣ кушода шуд, ки дар он 12 нафар талаба таҳсил мекард. С.Айнӣ ва Мунзим сараввал дар такмили маҳорати омӯзгории худ ба муаллимон ва мактабҳои тотории Бухоро такя намудаанд. Онҳо барои аз љиҳати модди таъмин намудани мактаби худ ба бойбачагон моҳе се сӯм ҳақи таълим муайян намуда, фақирбачагонро бепул қабул кардаанд. Мунзим барои шогирдони мактаби худ “Роҳбари хат” ном аввалин дастурамали дарси тартиб дод. Ин мактаб дар таърих бо номи “мактаби Мунзим” маълум аст. Дар мактаби М.А. Мунзим ва С.Айнӣ низ нарасидани китобҳои зарурӣ эҳсос карда мешуд. Бо мақсади бартараф намудани ин норасои, соли 1909 бо ташаббуси ҳарду “Ширкати Бухорои Шариф” таъсис гардид. Ин ширкат дар навбати аввал барои саҳеҳ талаффуз кардани овозҳои нутқ, махсусан оятҳои Қуръон, китоби “Тартиб ул-Қуръон”- ро ҳозир намуданд. Бо ташаббуси С.Айнӣ инчунин китоби дигари дарси “Таҳзибуссибён” (“Тарбияи ҷавонон”) тайёр ва нашр карда шуд.[2]

Ба ғайр аз мактаби номбурда, бо ташаббуси Мунзим, махсус барои калонсолони бухорои, курси шабона кушода шуда буд. Ба ин мактаб ӯ ҷавонони 20-30 соларо ҷамъ намуда, ҳар рӯз ду соат таълим медод. Гарчанде дар фаъолияти мактаб ягон нишонаи муқобили шариатро пайдо накарданд, вале 25 сентябри соли 1909, бо амри ҳукумати амирӣ, мактаби Мунзим баста шуд. Баъд аз ин таҳсили бухороиёнро дар мактабҳои усули нави тотори ҳам манъ намуданд.[2][3]

  1. Худойназар Асозода, Аламхон Кӯчаров. Адабиёти тоҷик. (давраи нав) – Душанбе, 2006.
  2. 2.0 2.1 2.2 2.3 Ҳотамов Н.Б., Довуди Д., Муллоҷонов С., Исоматов М. Таърихи халқи тоҷик (Китоби дарси). – Душанбе,2011.
  3. Муҳимтарин саҳифаҳои таърихи халқи тоҷик.Мураттибон Ҳотамов Н.Б.,Саъдиев Ш.С. Нашри дуюм. - Душанбе,2010