Малоҳат Шаҳобова
Малоҳат Бадриддиновна Шаҳобова | |
Таърихи таваллуд | 15 март 1928 |
Зодгоҳ | Бухоро, ҶШС Ӯзбекистон ИҶШС |
Таърихи даргузашт | 2005 |
Маҳалли даргузашт | Душанбе, Тоҷикистон |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | филология |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои филология |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин |
Малоҳат Бадриддиновна Шаҳобова - олим, доктори илми филологӣ (1985), профессор (1973).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Малоҳат Бадриддиновна Шаҳобова соли 1948 шуъбаи англисии забонҳои хориҷӣ ва 1951 факултаи таъриху филологияи Институти давлатии педагогии ба номи Т.Шевченко)ро хатм намуда, дар Институти давлатии педагогии забонҳои хориҷии шаҳри Маскав такмили ихтисос кардааст. Солҳои 1954-1964 мудири кафедраи забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин буд. Аз соли 1964 то вафоташ вазифаи мудири шуъбаи забонҳои хориҷии Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистонро адо намудааст. Ба таҳқиқу таҳлили муқоисавии забонҳои тоҷикию англисӣ, масоили забоншиносии тоҷик, тартиб додани луғатҳои дузабонаи тоҷикию англисӣ, навиштани китобҳои дарсии “Забони англисӣ” барои мактабҳои миёнаю олӣ, омӯзиши масъалаҳои равобити адабию фарҳангии халқҳои тоҷику ҳинду ва англис шуғл варзидааст. Осораш ба забонҳои хориҷӣ нашр шудааст.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Бо медали “Барои меҳнати шоён” ва Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии Тоҷикистон қадр ёфтааст.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Подчинительный союз “ки” в современном таджикском литературном языке. – Сталинабад, 1954;
- В помощь преподователю английского языка таджикских групп. – Д., 1973;
- Обучение чтению на английском языке взрослой таджикской аудитории. – Д., 1982;
- Опыт сопоставительного исследования строя таджикского и английского языков. – Д., 1985;
- Опыт сопоставительного изучения строя английского и таджикского языков: Дисс... доктора филол. наук. – Д., 1985;
- Краткий англо-русско-таджикский словарь для чтения газетных текстов. – Д., 1986;
- Творцы древней культуры: О поэтессе Сароджини Найду и др. деятелях культуры Индии. – Д., 1986;
- Англо-таджикско-персидский словарь. – Д., 1989;
- Краткий англо-таджикско-русский словарь – Луғати мухтасари англисӣ-тоҷикӣ-русӣ. – Д., 1990.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- Pages using the JsonConfig extension
- Pages which use a template in place of a magic word
- Зодагони 15 март
- Зодагони соли 1928
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони шаҳри Бухоро
- Даргузаштагони соли 2005
- Даргузаштагони шаҳри Душанбе
- Докторони улуми филология
- Олимон аз рӯи алифбо
- Омӯзгорон аз рӯи алифбо
- Омӯзгорони Тоҷикистон
- Филологони Тоҷикистон
- Олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
- Олимони Фарҳангистони улуми Тоҷикистон
- Занҳои Тоҷикистон