Маматқул Арабов
| |
Таърихи таваллуд: | 5 март 1921 |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт | 25 декабр 1999 (78 сол) |
Маҳалли марг: | |
Шаҳрвандӣ: | |
Касб: | коргардони филм, филмбардори саҳна |
Ҷоизаҳо: | |
IMDb: | ID 0032684 |
Арабов Маматқул Абдуқодирович (5 март 1921, Бухоро — 25 декабр 1999, Душанбе) — филмбардор, филмноманаис ва мустанадсоз, Арбоби шоистаи ҳунари Ҷумҳурии Узбакистон (1965).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Хатмкардаи факултети оператории Институти умумииттифоқии давлатии кинематография (ВГИК; 1943). Маматқул Арабов аз Тоҷикистон ягона кинооператори фронтӣ мебошад, ки дар ҶБВ (1941—1945) иштирок кардааст.
Корнома
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз январи 1944 то августи 1945 оператори Студияи марказии филмҳои мустанад дар назди Ҷабҳаи 1-уми Украина буд ва лаҳзаҳои ҶБВ-ро ба навор гирифтааст. Сипас чанд муддат дар киностудияҳои Свердловск (1946—1951), Тошканд (1952—1953), «Тоҷикфилм» (1954—1961), Студияи филмҳои мустанади Тошканд («Узкинохроника», 1962—1972) ва аз соли 1972 то охири умр дар «Тоҷикфилм» кор кардааст. Сужетҳои ба навор гирифтаи Маматқул Арабов дар киножурнали «Новости дня»-и Студияи марказии филмҳои мустанад (1944—1945) ворид шудаанд. Филмҳои мустанаде, ки дар таҳияи онҳо Маматқул Арабов чун кинооператор саҳм гирифтааст: «Дар Силезияи Боло» (1945), «Берлин» (1945), «Паради Ғалаба» (1945), «Рӯи кишвари пирӯзшуда» (1946); дар киностудияи Свердловск: киножурнали «Урали Советӣ» (1946—1951), «Устоҳои чирадаст» (1948), «Зодагони машҳури Урал» (1949). Дар студияи филмҳои илмию оммавӣ ва мустанади Узбакистон чун операторукоргардони филмҳои «Тӯи тиллоӣ» (1962), «Теппаҳои сарсафеди Афросиёб» (1966), «Бухоро — Урал» (1963), «Оям сӯи ту, Бухоро» (1963), «Институти қарокӯлӣ» (1965), «Санҷиш» (1967), «Даҳаи Туркманистон» (1967), « Ситрусҳои ӯзбекистон» (муаллифи филмнома, 1968), «Сухан оиди писар» (1968), «Репортаж аз Қаршӣ» (1968), «Рӯҳӣ Тошканд зинда аст» (1968), «Бахши асосӣ» (1970), «Қаротеппаи пурасрор» (1985) ва ғ-ро офаридааст; муаллифи филмҳои мустанади «Бохтари куҳан» (1985), «Таърихи аср» (1986), «Бовар кардан ё накардан» (1988). Дар киностудияи «Тоҷикфилм» киножурналҳои «Тоҷикистони Советӣ» (оператор, 1943, 1946, 1954—1961), филмҳои мустанади «Бригадаи меҳнати коммунистӣ» (реж. ва оператор, 1956), «Арзон ва қулай» (1958), «Интернати Лучоб» (муаллифи филмнома, 1961), «Забони русӣ» (1961), «Абадзинда» (муаллиф ва реж., 1967), «Кашфи Устурушан» (муаллиф ва реж., 1989), «Чӣ ҳол дорӣ , ветеран» (реж., 1990), «Эфталитҳо, шумо кистед?» (муаллиф ва реж., 1994), «Хотираи қалб» (муаллиф ва реж., 1995), «Бобоҷон Ғафуров» (муаллиф ва реж., 1998), «Сомониён» (муаллиф ва реж., 1999)-ро офаридааст.
Маматқул Арабов солҳои 1985 ва 1992 дар ҳайати операторони фронтии СССР дар вохӯриҳои ҳамкасбон дар Полша ва ИМА иштирок кард. Дар қатори дигар ҳамкасбон паради Ғалабаро ба навор гирифт.
Ордену ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Бо орденҳои Ҷанги Ватанӣ (дараҷаҳои I ва II), Шараф-и Тоҷикистон, медалҳо ва Грамотаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон ва Узбакистон сарфароз гардидааст. Узви ИК Тоҷикистон аз соли 1959.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Арабов Маматқул Абдуқодирович / Г. Элбаум // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.