Манзур Ҷалилов
Манзур Раҳимович Ҷалилов (6 майи 1991 — 7 октябри 1994) — доктори илмҳои геология ва минералогия (1974). Академики АИ ҶШС Тоҷикистон (1991), Арбоби шоистаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Манзур Раҳимович Ҷалилов Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро хатм намудааст (1956), ихтисос – «геология». Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: стратиграфияи русубҳои депрессияи Тоҷикистон ва ноҳияҳои ҳамсоя, систематика, экология, тақсимоти палеозоогеографии гастроподи регзор ва давраҳои рушди онҳо. Мудири шӯъбаи палеонтология ва стратиграфияи Институти геологияи АИ ҶШС Тоҷикистон (1978-1994), директори Институти геологияи АИ ҶШС Тоҷикистон (1988-1994), саркотиби илмии АИ Тоҷикистон (1989-1991), ноиби президент, раиси Шӯъбаи илмҳо оид ба замини АИ Тоҷикистон (1991-1994).
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Бо ордени «Нишони Фахрӣ»,
- медалҳои «Барои меҳнати шоён. Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В.И.Ленин»,
- «Ветерани меҳнат»,
- Ифтихорномаи Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон тақдир шудааст.[1]
Пайвандҳои беруна
[вироиш | вироиши манбаъ]- АЪЗОИ ПАЙВАСТАИ АИ ҶТ АЗ СОЛИ 1951 Бойгонӣ шудааст 18 сентябри 2017 сол.
- Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмолгия(тоҷ.). anrt.tj (2022). 7 май 2024 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 7 май 2024.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҳайати шахсӣ. – Душанбе: Дониш, 2011. - 216 с