Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Маниша Коирала (англ. Manisha Koirala, неп. मनिषा कोइराला, тав. 16 август 1970) - ҳунарпешаи непалӣ, ки дар Болливуд ҳунарнамоӣ мекунад. Ӯ дар оилаи сиёсатмадорони Непал ба дунё омадааст. Маниша духтари сиёсатмадор Пракаш Коирала ва набера сарвазир 22-юми Непал Бишвешвар Пракаш Коирала мебошад. Ӯ дорандаи якчанд ҷоизаҳо ба монанди Filmfare Awards, Filmfare Award South ва Screen Award мебошад. Соли 2001, Шоҳигарии Непал Манишаро бо ордени Дасти рости Горкҳа сарфароз намуд, ки ин дуюмин бузургтарин ҷоизаи Непал мебошад.
| |
---|
Вебгоҳҳои мавзӯъӣ | |
---|
Дар феҳристҳои китобшинохтӣ |
---|
|
|