Мантубирён
Зоҳир
Мантубирён навъи маъмули хӯроки миллии тоҷикон буда, бо чунин тарз тайёр карда мешавад: Мантуро тайёр карда, то сурхшавӣ дар равған таф медиҳанд. Барои он ки гӯшт пазаду хамир мулоим шавад, дар деги манту боз дар буғ 35-40 дақиқа мепазанд. Дар сурати набудани деги манту деги дӯлмапазиро истифода мебаранд. Барои ин ба даруни дегча табақи чуқур монда, қабат ба қабат мантуро мечинанд, рӯи табақчаи мантудорро пӯшонда, ба дегча камтар об мерезанд ва бо сарпӯш маҳкам намуда, дар оташи паст 20-25 дақиқа мепазанд. Ё ин ки аввал мантуро дар буғ 20-30 дақиқа пухта, сипас дар равған таф медиҳанд. Мантуи тайёрро ба косаҳо кашида, ба рӯяш кабудӣ мепошанд.[1]
Нигаред
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Шовалиева М. История кулинарной культуры таджикского народа. – Душанбе: Дониш, 2015.
- Энсиклопедияи мухтасари рӯзгордорӣ. – Душанбе, 1988
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Таббохӣ/ Мантуи кадугӣ. 14 августи 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 21 феврали 2017.
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |